Агар Люси ва Анна аз ҳамдигар якчанд метр дур шаванд, онҳо дардро эҳсос мекунанд. Барои ҳамин онҳо дар як бистар хоб мераванд.
Хоҳарон Люси ва Анна Десинк дугониканд. Дар Австралия онҳоро монандтарин дар ҷаҳон меноманд. Имсол онҳо 38-сола мешаванд.
Ҳанӯз дар соли 2009 духтарон дугоникҳои оддитарин буданд. Онҳо барои ҷарроҳии пластикӣ тақрибан 250 ҳазор доллар сарф карданд. Ҳамин тавр, ба либоспӯшӣ, ороиш ва шона кардани мӯй шурӯъ карданд. Ҳатто ба дараҷае расид, ки Анна ва Люси як чизро мехӯрданд ва дар ҳама ҷо танҳо якҷоя мерафтанд.
Наздикии онҳо ба ҷое расидааст, ки дар як вақт ба ҳоҷатхона мераванд ва ҳатто як мардро барои ду нафар пайдо карданд. Дар соли 2014 ҳоҳарон бо Бен Брин вохӯрданд ва пас аз як сол онҳо якҷоя зиндагӣ карданд.
"Бен ба мо якхел муносибат мекунад. Агар ӯ Аннаро бибӯсад, дарҳол маро низ мебӯсад. Мо ҳеҷ гоҳ рашк намекунем, зеро медонем, ки ӯ моро баробар дӯст медорад. Мо дӯст медорем, ки як мардро бо ҳамдигар тақсим кунем. Мехоҳем, ки дар як вақт ҳомиладор шуда, аз як шахс фарзанддор шавем”,-мегӯяд Люси.
Ҳарчанд издивоҷи онҳо расмӣ нест, аммо барои онҳо муҳимият надорад. Сегона дар бораи фарзанд фикр мекунанд. Азбаски Люси ва Анна мехоҳанд ҳомиладор шаванд ва ҳамзамон таваллуд кунанд, эҳтимоли зиёд онҳо бордоркунии сунъиро таҷриба намоянд.