1xbet
Як муҳоҷир дар Свердловск се кӯдакро аз сӯхтор наҷот додааст
16.05.2025
Oila.tj
691

Як муҳоҷири меҳнатӣ дар вилояти Свердловски Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот додааст.

Дар ин бора, расонаҳои маҳаллии Русия хабар дода, аз ин нафар Саид Шарипови 32-сола ном бурдаанд, ки 16 сол боз дар Русия ҳамчун ронандаи таксӣ фаъолият мекардааст. Аммо гуфта нашудааст, ки мавсуф шаҳрванди кадом кишвар аст.

Тавре зикр мегардад, сӯхтор шоми 14-уми май дар ошёнаи аввали бинои панҷошёнае дар шаҳраки Березовский рух додааст. Ба гуфтаи Саид, ӯ ҳангоми бозгашт аз дорухона садои гиря ва кумакталабии кӯдаконро мешунавад. Аз тиреза вориди хона мешавад ва ҳарсе кӯдакро, ки дар он лаҳза танҳо будаанд, аз коми оташ берун мебарорад.

Сокинони маҳаллӣ ӯро барои ин амалаш қаҳрамон ном мебаранд. Аммо худи ӯ гуфтааст: «Ман танҳо вазифаи инсониямро анҷом додам. Худам ҳам фарзанд дорам».

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД