Аксари муҳоҷирони меҳнатӣ гумон мекунанд, ки агар як маротиба аз марзи Русия гузашта, дубора ба қаламрави ин кишвар ворид шаванд, будубошашон дар Русия ба таври автоматӣ қонунӣ мегардад. Аммо Раёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия ба ТАСС гуфтааст, ки ин ақида комилан ғалат аст.
Масъулини Раёсати муҳоҷирати ин кишвар таъкид кардаанд, ки муҳлати будубоши шаҳрвандони мамолики аз раводид озод дар Русия мувофиқи қонун танҳо 90 рӯз дар як соли тақвимӣ мебошад. Шахсоне, ки ин муқаррароти қонунро вайрон мекунанд, номашон ба Реестри шахсони назоратшаванда дохил карда мешавад ва онҳоро аз қаламрави Федератсияи Русия депортатсия карда метавонанд.
Тибқи иттилои манбаъ, аз лаҳзаи нашри маълумот дар вебсайти расмии Вазорати корҳои дохилии Русия муҳоҷир аз ворид гаштани номаш ба Реестри шахсони назоратшаванда огоҳонидашуда ба ҳисоб меравад.
Хотиррасон менамоем, ки Реестри шахсони назоратшаванда дар Федератсияи Русия аз 5-уми феврали соли 2025 ҷорӣ карда шудааст ва ба он номи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде дохил карда мешавад, ки барои ҳузур дар ин кишвар асосҳои қонунӣ надоранд. Муҳоҷирони номашон ба ин реестр афтода бо як қатор маҳдудиятҳо, аз қабили манъи истифодаи кортҳои бонкӣ, рондани мошин, сабти ақди никоҳ ё талоқ, манъи қабули кӯдаконашон ба муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо рӯ ба рӯ мегарданд.