Formula september
Як хато қариб бадбахтам мекард
29.08.2024
ОИЛА.ТҶ
2137

Салом, хонандагони азиз! Мехоҳам, як саргузаштамро, ки қариб боиси бадбахтиам мегашт, нақл кунам.

Ман як духтари содlа будам. Баъди тамом кардани мактаби миёна дар як беморхона ба ҳайси фаррош кор мекардам. Дар ҳамин ҷо бо як зане тасодуфан ҳангоми хешашро хабаргирӣ омадан шинос шудем. Ин зан гуфт, ки агар хоҳам, маро бо кори хуб таъмин мекунаду зиндагиам дигар мешавад. Мани беақл чизеро напурсида, розигӣ додам, бехабар аз он, ки ин зан далла будааст.

Хуллас, рӯзе ӯ гуфт, ки тайёр шавам, якҷоя ба куҷое меравем барои кор. Ман чизе нагуфта, бо ӯ рафтам. Зан аз як мағозаи либосфурӯшӣ гаронбаҳотарин сарулибосро барои ман харида дод - қимматтарин курта, сумкача, пойафзор ва бар замми ин, як атри “Шаннел“ низ туҳфа кард. Ман аз хурсандӣ мешукуфтам.

Мо ҳамроҳи ӯ ба дараи Варзоб рафтем. Он ҷо як духтараки ҷавон бо ду марди миёнасол дар лаби дарё дар ҳолати нимурёнӣ сихкабоб хӯрда, истироҳат доштанд. Ман ин ҳолатро дида, шарм кардам ва пурсидам, ки чаро мо ба ин ҷо омадаем? Зан дар ҷавоб “магар пулёбӣ осон аст?” гуфта, маро ба сӯйи онҳо тела дод.

Вақте ки маънии суханҳои ӯро сарфаҳм рафтам, сахт пушаймон шудам ва гуфтам, ки агар маро сиҳату саломат баргардонида, ба хонаамон набарад, доду войро мебардорам. Он мардҳо даъвои моро дида, ба ӯ ишора карданд, ки маро барад.

Вақте мо дар нисфи роҳ расидем, зан либосу туҳфаҳои додаашро кашида гирифт. Ман ҳоло соҳиби шавҳар ва хонаи обод ҳастам ва шукр мекунам, ки он рӯз нофаҳмиам боиси фоҷеа нашуд.

Бо эҳтиром, М.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД