Дугоникҳои сиамӣ Эбби ва Британни бо амри сарнавишт тамоми умри худро дар як ҷисм сипарӣ менамоянд. Бо вуҷуди тамоми душвориҳо, дугоникдухтарон мошин меронанду ҳатто бо дӯстдоштаи худ ишқварзӣ мекунанд.
Чанде қабл Эбби ва хоҳараш Бриттани ба як мард ошиқ шуда, бо ҳам ақди никоҳ бастанд. Домод аз интихоби кардааш сарфароз асту ҳарду арӯсашро сахт дӯст медорад. Ҳамзамон Эбби ва Бриттани дар мактаби ибтидоӣ ба кор шуруъ намуданд. Хоҳарон бо ҳамдигар муноқиша намекунанд, ҳол он ки хислатҳояшон гуногун аст. Эбби дар хона нишастанро дӯст медораду Бриттани бошад, маъракаоро аст.