toyota motors
Як бағал лолаҳои сиёҳ... (ҚИСМИ 3)
581

Ғаниҷон хост меҳмони нави нохондаро, ки ғайри Ҳалима касе аз омаданаш шод набуд, ба номи худаш гузаронад, аммо Боғигул инро нахост ва Беназирашро ба ному насаби худаш гузаронид. Ҷойи номи падараш холӣ буд. Ба ҳама хешу табор хабар фиристоданд, ки Ғаниҷону Ҳалима соҳиби духтар шуданду номашро Беназир гузоштанд.

Шод бояд зистан

Боғигул зери раҳнамоии бародару янгаи меҳрубонаш донишгоҳро хатм кард, соҳиби диплому ҷойи кор гашт. Ба хотири духтараш дар як ятимхона духтур шуд, зеро дар оилаи бародараш се фарзанди дигар ба дунё омаду дигар ба гардани онҳо бор шудан намехост. Духтаракаш пеши назараш мехонду калон мешуд, бегоҳиҳо ба хонаи иҷораашон мерафтанд. Боре Ғаниҷон, ки зиди ҷудо зистани хоҳараш буд, ба ӯ гуфт:

- Боғиҷон, ту зани хеле зебо ҳастӣ, нашавад, ки боз саратро марди дигар тоб диҳад?

Аммо ӯ ба акааш ваъда дод, ки ҳеҷ гоҳ дигар ёди мард намекунад.

Падару модараш ӯро ба Ватан хонда, мегуфтанд, ки биёву хонадор шав, аммо ӯ бо ҳар баҳона аз фармони падару модар саркашӣ мекард. Оқибат диданд, ки намешавад, боз Ҳалима ба ёрияш расид. Ӯ ба хушдоманаш, ки ба хабаргирии эшон омада буд, гуфт:

- Очаҷон, Боғигул бемории аллергия дорад, ки дар иқлими Тоҷикистон авҷ мегирад. Ба ҳамин хотир, дар Маскав буданаш хуб аст, шавҳар бошад, намегурезад.

Волидонаш ба қисмати духтарашон тан доданд. Беназир ба синфи якум гузашту бо ёрии бародарону Боғигул дар маркази Маскав соҳиби хонаи дуҳуҷрагӣ гашт. Ними зиёди пули хонаашро худаш ҷамъ карда буд, чун анъанаи хуби тоҷикон бӯрёкӯбон карду таҷҳизоти хонаашро ёру дӯстонашу хешу табори дар Маскав будааш оварданд. Ӯ шукрона мекард, ки Худованд дастгиру мададгораш гаштааст. Панҷ вақт намозашро тарк намекард, хайрандеш буд.

Зиндагии дигар

Чун ба хонаи нав кӯчиданд, Беназирро ба як литсейи овозадор монду худаш низ аз рӯйи тахассуси худаш духтури занҳо дар беморхонаи бонуфузе ба кор даромад. Беморон аз ӯ розӣ буданд.

Боре наздаш як бонуи сарватманди доғистонӣ омаду хеле гирист, ӯ бо алам гуфт, ки агар фарзанддор нашавам, шавҳарам зан мегирад ва ман аз рашк мемирам. Боғигул, ки аз Ҳалима хеле сирҳои психологиро омӯхта буд, хонумро ором карду гуфт:

- Аз рӯйи гуфтаат, шумо хеле сарватманд ҳастед, пас чаро ба ягон клиникаи машҳур муроҷиат накардед?

Хадича гириста, посух дод:

- Мо ба хотири фарзанд ними ҷаҳонро гаштем, аммо фоидае надидем. Дирӯз як ҳамшаҳриям дар бораи шумо сухан карду таваккалан наздатон даромадам.

Боғигул ба Хадича фармуд, ки фардо ҳамроҳи шавҳараш биёяд, танҳо баъди як ҳафта зану шавҳар ба назди ӯ ҳозир шуданд. Боғигул шунид, ки Шамил ба Хадича мегуфт:

- Тамоми духтурони номдори дохилу хориҷ ба дарди мо даво наёфтанду ҳамин тоҷик туро фарзанддор мекунад?! Беҳтар нест, ки ба тақдир тан диҳем?

Хадича хомӯш буд. Баъди дидани ташхисҳо, Боғигул ягон нуқси асосие барои фарзанддор нашудан надид, каме шамолзадагӣ доштанд ҳарду ва ӯ табобат фармуд, худаш ҳар рӯз доруву чак-чакҳоро мегузаронид. Баъд аз Ҳалима хоҳиш кард, ки як моҳ бо ин ҷуфт кор кунад ва ба онҳо кумаки равоншиносӣ расонад. Баъди табобати психолог ба онҳо фармуд, ки пеши домуллое рафта, мушкилашонро гӯянду ду-се бор дуохонӣ карда, баъд аз Худо умед кунанд. Ҳарчанд Шамил пеши ӯ як бандча пул гузошт, аммо Боғигул танҳо ҳаққи доруҳову хизмати Ҳалимаро гирифту халос ва дар намозҳояш аз Худо хоҳиш мекард, ки мушкили Хадичаи меҳрубонро осон гардонад.

(Давом дорад)

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД