arzon replenishment
Вуруди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар афзудааст
1156

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 теъдоди умумии 748,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 580,5 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ ворид шудаанд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,1 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин бора имрӯз Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба таъкиди Муминзод, ҳоло дар қаламрави кишвар 214 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатнома фаъолият доранд. Аз ин шумора дар ВМКБ 41, дар шаҳри Душанбе 101, дар вилояти Суғд 46, дар вилояти Хатлон 17 ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 9 ширкат фаъолият карда истодаанд.

“Дар давраи ҳисоботӣ 338 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба ҳисоб гирифта шудааст, ки аз ин шумора 209 меҳмонхона, 46 хостел ва мотел, 54 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 кемпинг ва 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатиро ташкил медиҳанд”,- гуфт раис.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД