Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон таъминкунандаи асосии гази моеъ ба Тоҷикистон буда, ҳиссаи он дар таъмини талаботи бозори дохилӣ 94 фоизро ташкил медиҳад.
Дар 7 моҳи соли 2024 аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 230,4 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ, аз ҷумла 208,2 ҳазор тонна гази моеъ, 21,6 тонна кокси нафтӣ ва 477 тонна равғанҳои молиданӣ ворид карда шудааст.
- Қазоқистон таъминкунандаи асосии гази моеъ ба Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистон барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба чунин намудҳои маҳсулоти нафтӣ, аз қабили бензини автомобилӣ, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамояд,- меафзояд манбаъ.