Волидоне, ки фарзандонашон дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиб гаштаанд, ҳамчун рамзи миннатдорӣ бо нишонаи “Маърифатпарвар” ва Ифтихонома қадрдонӣ карда шуданд.
Бино бар иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, зимни ҷаласаи ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Душанбе 66 нафар волидоне, ки фарзандонашон дар ин озмун ғолиб омадаанд, бо нишони «Маърифатпарвар» ва «Ифтихорнома»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуда, ҳамзамон 66 тан омӯзгоронашон низ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
Бояд гуфт, ки дар радифи 102 нафар иштирокчиёни фаъол, ҳамчун иштирокчии ифтихорӣ 20 нафар нафақахӯрон ва 10 нафар ятимону маъюбон бо туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шудаанд.
Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ҷамъомад ёдрас намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи мардум ба китобхонӣ ва адабиёт роҳандозӣ гашта, ҳадафи асосии он тарбияи маънавии ҷомеъа мебошад. Шумораи довталабони озмун сол то сол меафзояд.
«Давоми ин шаш сол мо шоҳиди он гаштем, ки шумораи дӯстдорони каломи бадеъ меафзояд. Озмун ҳамасола дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои осиштаи Ватан дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ гузаронида мешавад»,- изҳор дошт Дилрабо Мансурӣ.