Меҳмони имрӯзаи гӯшаи «Маслиҳати хушдоман» аз меҳмонони қаблиямон бо вижагиҳои худ фарқ мекунанд.
Он кас 83-сол дошта, довталаби озмуни «Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат” мебошанд. Модари азиз, сокини деҳаи зебоманзари «Сангистон»-и ноҳияи Айнӣ Маъқула Ҳакимова ҳастанд. Азбаски модари донишманд ҳар саҳифаи китоби «Тоҷикон»-ро аз ёд кардаанд, мехоҳем андешаҳояшонро оид ба оила ва оиладорӣ баён намоянд.
-Падару модар дар тамоми дину мазҳабҳо ва таълимоти тарбиявии дунявӣ ҷойгоҳи хос доранд ва ба эҳтирому гиромидошти бузург бархурдор ҳастанд. Дар оила ҳам бояд ин ду нафар бошанд ва барои фарзандони хеш намунаи ибрат гарданд. Падар ҳамчун намоди иқтидор дар оила, дар тарбияи равонию ахлоқии фарзандон нақши хоса дорад. Падар метавонад раҳнамои фикрии хубе барои писар бошад. Ӯ метавонад писарро барои ифои нақшҳои мардона тарбия намояд. Писар ба муҳаббати падар ва эҳсоси ҳамдигарфаҳмӣ бо ӯ ниёзманд аст. Робитаи падар бо духтар низ аз аҳмияти хосе бархӯрдор аст. Рафтори падар бо ҳамсараш нақши зиёде дар нигоҳи духтар ба зиндагии муштарак дар оянда дорад.
Дар мавриди нақши модар дар хонавода бояд гуфт, ки модар муассиртарин омили тарбия ва таъминкунандаи ҳолати рӯҳӣ, равонӣ ва ҷисмонии фарзандон аст. Муҳаббати модар ба фарзанд он қадар таъсиргузор аст, ки ҳеҷ чизе наметавонад ҷойи онро гирад. Модар марҳами асрори духтар аст. Чун балоғати ӯ зудтар аз писарон аст, духтар ниёзи зиёде ба самимияту ҳамдилии модар дорад. Ба ҳамин сабаб, дар парвариши равонии духтарон бояд дар онҳо масуниятеро эҷод кад, ки дар баробари нобасомониҳо ва бадахлоқии ҷавонони беадаб шахсияту ҳуввияти худро аз даст надиҳанд.
Хулоса, оила бо падару модар пурра ва солим аст, волидайнро зарур аст, ки идеали фарзандони худ бошанд то онҳо ҷойи дигар идеал накобанд.