Вохӯрии санҷишии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо тими Мексика
31.10.2025
Oila.tj
71

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон охирон бозии санҷишии худро дар машқҳои дастаҷамъӣ дар шаҳри Дубай анҷом дод.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар бозии санҷишии сеюм дастаи мо бо ҳамтоёни худ аз Мексика рақобат карда, бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.

Қаблан дастаи Тоҷикистон бо мунтахабҳои Каледонияи Нав (1:1) ва Кореяи Ҷанубӣ (0:5) рақобатҳои санҷишӣ доир карда буд. Голро аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ бо Каледонияи Нав Муҳаммад Назриев ба самар расонид.

Дар Ҷоми ҷаҳон-2025, ки дар Қатар баргузор мегардад, дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бо тимҳои Чехия (5-уми ноябр), ИМА (8-уми ноябр) ва Буркина-Фасо (11-уми ноябр) нерӯ месанҷад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД