Formula novemver 2024
ВМКБ: ИМСОЛ 152 КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ ҶУДО ГАРДИД
1391

Бо мақсади пурра ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонон, махсусан духтарон Ҳукумати кишвар соли 1997 квотаи Президентиро таъсис дод. Ин иқдом имкон фароҳам овард, то ки хатмкунандагон аз ноҳияҳои дурдаст бештар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шаванд ва барои инкишофи ҷомеа хизмат намоянд. Аз оғози қабули довталабон тибқи квотаи Президентӣ беш аз 20 сол сипарӣ гардид. То ин дам ҳазорон нафар ба ин васила муассисаҳои олии кишварро хатм карда, дар пешбурди хоҷагии халқ хизмати босазо карда истодаанд.

Барои қабули ҷавонон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президентӣ дар соли таҳсили 2018 - 2019 1246 ҷой (аз ҷумла, барои духтарон 638 ҷой ва барои писарон 608 ҷой) ҷудо гардид. Вобаста ба минтақаҳо барои хатмкунандагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 164 ҷой (85 ҷой барои духтарон ва 79 ҷой барои писарон) ҷудо карда шуд.

Мушоҳида ва таҳлили қабул тибқи квота нишон дод, ки дар самти интихоби довталабони баъзе аз ихтисосҳои марбутаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев камбудию норасоиҳо ба чашм мерасанд. Аксари мутасаддиёни мақомот ба ихтисосҳои ин донишгоҳ довталабонеро пешбарӣ кардаанд, ки ҳоҳиши таҳсилро дар ин ихтисосҳоро надошта, танҳо барои иҷрои нақшаи қабул пешниҳод гардидаанд.

Аз ин рӯ, барои рафъи камбудиҳо мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо бояд пешниҳоди довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои суҳбат тибқи талаботи банди 10 - и «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015, №428) амалӣ намоянд. Минбаъд фаъолияти кори комиссияи баргузории суҳбати даври якум ва дуюм бо довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи бандҳои 7 ва 8 - и “Тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2017) ба роҳ монда шавад.

Бояд гуфт, ки давоми панҷ соли охир тибқи Квотаи президентӣ беш аз 6000 ҷавон муассисаҳои олии кишваро хатм кардаанд.

Сафарбой Самадов, сармутахассиси Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати мароиф ва илм мегӯяд, ки ҳамасола теъдоди квотаҳои президентӣ зиёд шуда, ба болоравии сатҳи маълумотнокии ҷомеа, бахусус духтарон, ки ояндаи ҷомеа аз онҳо вобаста аст, мусоидат мекунад.

Бояд таъкид кард, ки сиёсати дастгирии ҷавонон на танҳо сатҳи маълумотнокии духтаронро дар ҷомеа қавӣ мегардонд, балки сабаби муҳиме дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа ҳам мегардад. Дар аксари оилаҳо авлавияти таҳсил намудан ба писарон дода мешавад. Ин ҳолат бештар дар деҳаҳо ва ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон мушоҳида мешавад. Барои духтарони деҳот ба шаҳрҳо барои таҳсил рафтан «инқилоб» - ро мемонад. Ин ҳолат дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ба чашм мерасад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи гузашта дар бораи фаъолияти соҳаи маорифи вилоят гузориши пурра ироа кард. Дар асоси иттилои дастгоҳи раиси вилоят барои соли таҳсили 2020 - 2021 тибқи нақшаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 152 адад квотаи Президентӣ ҷудо гардидааст.

Ба иттилои Дастгоҳи раис айни ҳол, дар вилоят 312 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавҷуданд, ки аз онҳо 65 адад муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 42 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва 205 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, ки дар онҳо 38123 нафар хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 5649 нафар омӯзгор дарс медиҳанд. Аз ин шумора 26 нафар хонандагон гирандаи стипедияи Президентӣ ва 10 нафар хонанда гирандаи стипедияи Раиси вилоят мебошанд.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 тибқи ҳисоботи пешниҳодгардидаи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои влоят 2854 хонанда мавриди санҷиш қарор дода шуд, ки сатҳи сифати дониши онҳо 48,1 % ва азхудкунӣ 91% - ро ташкил медиҳад. Дар семоҳаи аввали соли 2020 аз тарафи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо 24 муассисаи таълимӣ аз аттестатсия ва 9 муассисаи таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронида шуда, барои фаъолияти минбаъдаи онҳо иҷозатнома ва шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ дода шуд.

Тибқи ҳисоботи Маркази миллии тестӣ дар соли таҳсили 2019 – 2020 аз 2701 нафар хатмкунанда 2275 нафар аз қайди Марказ гузаштанд, ки ин дар маҷмӯъ 84, 2 фоизро ташкил медиҳад. Инчунини, аз ҳисоби хатмкардагони солҳои пешин 585-нафар ба қайд гирифта шуданд, ки ин дар маҷмўъ 105, 8 фоизро дар бар мегирад.

Бо илова ба ин 90 нафар хонандагони синфи 9 –и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр ва ноҳияҳои вилоят дар Маркази миллии тестӣ ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 2 нафарашон хатмкунандагони солҳои пеш мебошанд.

Барои соли таҳсили 2020- 2021 тибқи нақшаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон муассисаҳои таълимии ноҳияҳои вилоят 152 адад квотаи Президентӣ ҷудо гардидааст, ки ин теъдод нисбати ноҳияҳо чунин аст: барои ноҳияи Дарвоз - 18 адад, ноҳияи Ванҷ - 23 адад, ноҳияи Рӯшон - 23 адад, ноҳияи Шуғнон - 17 адад, ноҳияи Роштқалъа - 21 адад, ноҳияи Ишкошим - 26 адад ва ноҳияи Мурғоб - 25 адад пешбинӣ гардидааст. Моҳи июни соли ҷорӣ даври ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардида, 140 нафар хатмкунанда соҳиби квотаи Президентӣ гардиданд.

Инчунин 40 адад квотаи Президентии иловагӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва 10 адад квотаи иловагӣ ба ноҳияи Роштқалъа ҷудо гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД