shoh palace
ВКД САБАБИ СӮХТАНИ МАҒОЗАРО ДАР БОЗОРИ ДАНҒАРА ШАРҲ ДОД
1438

Дирӯз сомонаи “Оила” дар такя ба Иброҳим Назруллозода, роҳбари ютюбканали “Дунёро бубин!” аз сӯхтани бозори марказии ноҳияи Данғара иттилоъ дода буд.

Ба гуфти манбаи сомона сӯхтор соати 12 – и шаби 30 июн рух дод. Дар ҷойи ҳодиса шумораи зиёди кормандони оташнишонӣ ва мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ фаъолият дошта, барои хомӯш кардани мавҷи оташ мубориза мебурданд.

Онҳо дар аввал хеле кӯшиш намунанд, то дарвозаро шикаста, ба дарун дароянд. Дертар ин барояшон мяссар шуд ба дарун даромада, алангаи оташро хомӯш карднд.

Вазорати корҳои дохилии кишвар баъди нашри ахбор дар бораи сӯхтори бозор ин ҳодисаро шарҳ дод. Тибқи иттилои ВКД, шаби 30-юми июни соли 2020, соати 23:45 дақиқа дар мағозаи хӯроквории кӯчаи Зебуниссои ноҳияи Данғара, ки ба соҳибкор Боронов Сафаралӣ, зодаи соли 1983, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Данғара тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омад. Аммо ҳодисаи мазкур дар расонаҳо ҳамчун сӯхтани бозор нашр шуд.

“Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон дар масоҳати 9 метри мураббаъ дохили мағозаро оташ фаро гирифта буд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ сӯхтор дар масоҳати аввалааш дар кӯтоҳтарин фурсат ба пурагӣ хомӯш карда шуд”, - навиштааст сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии кишвар.

Мақомот мегӯянд, дар натиҷаи санҷиш муайян шуд, ки сабаби сӯхтор вайрон намудани талаботи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи яхдон буда, гунаҳкори ҳодиса худи соҳибкор Боронов Сафаралӣ мебошад.

ВКД зарари сӯхторро 4 ҳазору 650 сомонӣ хонда, овозаҳои паҳншуда дар шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи қасдан оташ задани мағоза беасос хонд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД