Вазорати корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон хост, ки аз рафтан ба назди фолбину ҷодугарон худдорӣ кунанд, зеро минбаъд барои пешгирии чунин қонуншиканиҳо тамоми шаҳрвандоне, ки ба назди ин афрод мераванд, дар баробари фолбину ҷодугарон ба шуъбаҳои корҳои дохилӣ даъват гардида, нисбаташон мавод тартиб дода шуда, бо расмҳояшон дар махзанҳои ВКД гузошта мешаванд.
Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои оперативӣ - профилактикӣ маълум гардид, ки баъзе шаҳрвандон ба сеҳру ҷоду бовар намуда, ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, барои амалӣ намудани амалҳои ҷинояткоронаи онҳо маблағ дода, ба гуфтаи онҳо боварӣ намуда истодаанд.
“Танҳо дар як моҳи охир зиёда аз 150 нафар чунин ашхос ба қайди Вазорати корҳои дохилӣ ворид гашта, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида шуда истодааст”,- гуфт ин ниҳод.
Бояд гуфт, ки акнун ҷазо нисбати фолбинону ҷодугарон вазнинтар карда шуд, зеро тибқи тағйироти нав, ки ба моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид, барои машғул шудан ба фолбинӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.
Ҳамзамон, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикисон низ иловаҳо ворид карда шуда, моддаи 240 илова 1 қабул карда шуд. Аз рӯи он нисбати фолбиноне, ки баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ дар давоми сол такроран ба ин кирдор даст мезананд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Тибқи талаботи моддаи мазкур дар чунин ҳолат нисбати фолбинон ҷарима ба андозаи аз як ҳазору панҷсад то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол дар назар дошта шудааст.