Модарро фариштаи меҳр хонда, наздаш сари таъзим фуруд меоранд. Дар ҳақиқат бузургтарин муҳаббат дар ҷаҳон ин муҳаббати модар ба фарзанд аст. Ба хотири ҷигарбандаш модар қодир аст дунёро такон диҳад, вале....
Бадбахтона, занҳое ҳастанд, ки ба номи поки модар иснод оварда, аз баҳри кӯдаконашон мегузаранд, тифлакони навзоди худро мепартоянд ва ҳатто даст ба қатли фарзандонашон мезананд. Чунини як рӯйдоди гӯшношунид дирӯз дар Вилояти Хатлон ба вуқуъ пайвастааст.
Дар Рӯзи Ҷашни Истиқлолияти кишварамон дар ноҳияи Кӯшониёни Вилояти Хатлон ҳодисаи ваҳшатноке ба амал омад, ки бо шунидашан ба тани кас мурғак медамад. Тавре ки Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, санаи 9-уми сентябр дар ноҳияи Кӯшониён як ҷавонзани 30-солаи тоҷик 4 фарзандашро бераҳмона ба қатл расонидааст. Кӯдакони маъсум бо роҳи бӯғӣ кардан кушта шудаанд, вале сабаби даст ба фарзандкушӣ задани зан ҳанӯз маълум нест.
Ёдрас мешавем, ки ин аввалин ҳодисаи даст ба қатли ҷигарбандони хеш задани занҳои тоҷик нест. Чанд сол қабл як сокини ноҳияи Ҳисор сари духтарчаи 6-солаашро бераҳмона аз тан ҷудо карда буд. Духтарча дар хонаи кӯдакони №2-и пойтахт тарбият мегирифт. Дар рафти мурофиаи судӣ модари қотил гуноҳро ба гардани ҷомеа бор карда, иддао намуда буд, ки духтарчаи маҳрумашро бе никоҳ ба дунё овардааст ва мардум “ҳаромӣ зоид” гӯён, ҳамеша ӯро мазаммат мекарданд. Ин зан гӯё ба хотири халос шудан аз гапу калочаҳо бо роҳи фиреб духтарчаашро аз “Хонаи кӯдакон” гирифта, баъдан сари кӯдаки бегуноҳро бо корд аз танаш ҷудо кардааст. Боз як модари қотили дигар худро бо се фарзандаш ба канал партофт, аммо кӯдакон ғарқ шуда, худи зан зинда монд ва айни замон дар кунҷи маҳбас нишастааст. Пас аз ин як ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе, ки бо дӯзандагӣ машғул буд, ду фарзанди хурдсолашро кордборон кард...
Талоқу шикасти бахт, зани дуюм гирифтани мард, хушунати хонаводагӣ, бехонагӣ ва бесаводию бекорию бекасӣ аз умдатарин сабабҳои даст ба қатли фарзандонашон задани занҳои тоҷик мебошанд....