Arzon march 2024
Вазорати меҳнат 4300 нафари бекорро бо кори муваққатӣ таъмин кард
269

Дар доираи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҷониби корфармоён дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 4300 нафари расман бекор ба кори ҷамъиятии музднок фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора 881 муҳоҷири меҳнатии ба Ватан баргашта ба кор ҷалб шуданд, ки аз миёни онҳо 1759 нафарро занон ва 1630 касро ҷавонон ташкил доданд.

Нафарони расман бекор аз рӯи 11 номгӯй корҳои ҷамъиятиро бар ивази маблағи муайян анҷом доданд, ба монанди кабудизоркунию ободонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, обёрӣ ва ирригатсиа, сохтмони роҳ, бунёди боғ, тоза кардани ҷўю канал, кашидани хати барқ ва дигар корҳо.

Гуфта мешавад, ки бо анҷоми кори муваққатӣ онҳо маошашонро сари вақт дарёфт кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД