Formula novemver 2024
Вазни зиёдатӣ-мушкили тибби тоҷик
472



Шумораи одамоне, ки аз вазни зиёдатӣ азият мекашанд, дар кишвари мо торафт меафзояд. Фарбеҳӣ ба мушкилоти тибби тоҷик табдил ёфта истодааст.

Тавре ки муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин гуфтааст, мушкили вазни зиёдатӣ имрӯз дар 2 миллион нафар ё 17%-и сокинони ҷумҳурӣ ба назар мерасад. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2019 фарбеҳӣ мушкили 11, 3 %-и сокинони Тоҷикистон буд.

"Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории фарбеҳӣ мавҷуд буда, вақтҳои охир зиёд шудани он Ҳукумати кишварро нигарон кардааст," – навиштааст нашрияи “Садои мардум” аз қавли Ғафур Муҳсинзода.

Ба гуфти Файзалӣ Аҳмадзода, муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, фарбеҳӣ бештар дар байни занҳо паҳн шудааст.

Зиёд шудани шумораи одамоне, ки мушкили вазни зиёдатӣ доранд, ба пурхӯрӣ, камҳаракатӣ, вайроншавии ҷараёни мубодилаи моддаҳо ва стрессу асабоният рабт дода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД