Ҳамасола аксари занону духтарон бо мақсади дар фасли зимистон бо хӯришҳои хушмазза таъмин намудани аҳли оила олуву олуча, себу ангур, помидор, бодиринг, карам, боимҷон, занбӯруғ ва дигар маҳсулотро дар зарфҳои шишагӣ консерва мекунанд. Ин ғамхорӣ шоистаи таҳсин аст, вале ҳангоми консервакунонӣ бояд эҳтиёт шуд, зеро риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва технологияи дурусти омодасозӣ метавонад боиси заҳролудшавии аҳли оила, аз ҷумла гирифторӣ ба бемории хавфноки ботулизм гардад.
Ботулизм чӣ гуна беморист?
Тавре Султон Раҳмонзода, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, зимни як суҳбат гуфтааст, ботулизм бемории ниҳоят вазнини заҳролудшавӣ мебошад, ки дар натиҷаи ба организми инсон ворид шудани заҳри махсус ба вуҷуд меояд.
Ангезандаи беморӣ дар табиат, хок, об ва муҳити атроф паҳн шудааст. Спораҳои он метавонанд ба маҳсулоти ғизоӣ, махсусан сабзавот, мева, занбӯруғ, гӯшт ва моҳӣ ворид шаванд.
Хусусияти хатарноки ин бактерия дар он аст, ки дар шароити набудани оксиген, муҳити камкислота ва нигоҳдории нодуруст афзоиш ёфта, заҳри ботулинӣ ҳосил мекунад. Чунин шароит бештар дар маҳсулоти нодуруст консервашудаи хонагӣ ба вуҷуд меояд.
Кадом маҳсулот боиси заҳролудшавӣ мешавад?
Ба маҳсулоти хавфнок консерваҳои хонагии сабзавот, аз ҷумла бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ, занбӯруғҳои консервашуда, маҳсулоти гӯштӣ ва моҳӣ дохил мешаванд.
Ҳамчунин, моҳии хушк, дуддодашуда, намаккардашуда ва нодуруст нигоҳдошташуда метавонад манбаи заҳролудшавӣ гардад.
Мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки ҳатто маҳсулоти аз ҷиҳати зоҳирӣ солим метавонад дорои заҳри ботулинӣ бошад.
Нишонаҳои беморӣ
Нишонаҳои ботулизм одатан аз 12 то 36 соат пас аз истеъмоли маҳсулоти заҳролудшуда пайдо мешаванд, аммо баъзан метавонанд аз чанд соат то ҳашт рӯз дертар зоҳир гарданд.
Нишонаҳои асосии беморӣ сустии умумии организм, беҳолӣ, сарчархзанӣ, дарди сар, хушкшавии даҳон, хирашавии чашм, дуто дидани ашё, паст шудани пилки чашм, душвор шудани нутқ ва фурӯ бурдани ғизо мебошанд. Дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарди шикам низ метавонанд мушоҳида шаванд. Дар ҳолатҳои вазнин беморӣ боиси сустшавӣ ва фалаҷи мушакҳо, аз ҷумла мушакҳои нафаскашӣ мегардад. Бемор метавонад ба нафасдиҳии сунъӣ эҳтиёҷ пайдо кунад.
Бояд дар хотир дошт, ки шахси гирифтори ботулизм метавонад таб надошта бошад ва ҳушашро гум накунад. Аз ин рӯ, набудани таб маънои сабук будани бемориро надорад.
Заҳри ботулинӣ ба системаи асаб таъсир расонида, фаъолияти мушакҳоро халалдор мекунад. Табобат танҳо дар муассисаи тиббӣ, бо истифодаи ҳарчи зудтари зардоби зиддиботулинӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ чораҳои эҳёгарӣ анҷом дода мешавад.
Чӣ гуна аз ботулизм пешгирӣ кунем?
Барои пешгирии беморӣ риояи чанд қоидаи муҳим зарур аст.
Аввалан, ҳангоми консервакунонӣ танҳо аз усулҳои санҷидашуда истифода баред. Барои маҳсулоти камкислота, аз ҷумла сабзавот, дастгоҳи махсуси консервабарорӣ таҳти фишор зарур аст. Ҷӯшонидани одии зарфҳо барои нобуд кардани спораҳои ангезандаи ботулизм кофӣ нест.
Дуюм, танҳо маҳсулоти тару тоза ва босифатро истифода намоед. Зарфҳо ва сарпӯшҳо бояд тозаю солим бошанд.
Сеюм, ҳангоми омода кардани маҳсулоти маринадшуда миқдори сирко, намак ва дигар моддаҳоро худсарона тағйир надиҳед.
Чорум, консерваҳоро дар шароити мувофиқ нигоҳ доред. Агар сарпӯши зарф варам карда бошад, маҳсулот кафк кунад ё намуди ғайримуқаррарӣ дошта бошад, онро истеъмол накунед.
Дар хотир доред, ки заҳри ботулинӣ на ҳамеша бӯй, ранг ва маззаи маҳсулотро тағйир медиҳад. Ҳатто чашидани миқдори ками маҳсулоти шубҳанок хатарнок аст.
Ҳангоми харидани консерваҳои саноатӣ низ ба муҳлати истифода, тамғагузорӣ ва солимии бастабандӣ диққат диҳед.
Ҳангоми заҳролудшавӣ чӣ бояд кард?
Агар пас аз истеъмоли консерваҳо нишонаҳои заҳролудшавӣ пайдо шаванд, фавран ба ёрии таъҷилии тиббӣ муроҷиат намоед.
Ба табибон хабар диҳед, ки бемор кай ва кадом маҳсулотро истеъмол кардааст. Аз худтабобаткунӣ ва истифодаи доруҳо бе тавсияи табиб худдорӣ намоед.
Маҳсулоти боқимондаро истеъмол накунед ва барои ташхиси лабораторӣ ба мутахассисон пешниҳод намоед.
Пешгирии ботулизм масъулияти ҳар як оила аст. Хусусан, волидон бояд ба сифати ғизои кӯдакон ва шароити нигоҳдории он диққати ҷиддӣ диҳанд.