Фитнагар (Қисми 5)
Мавзуна хост дафтари додаи Замирахоларо накушояду ба ҷевони китобҳо гузорад аммо "баъди марги ман хон" гуфтани хола ҳисси кунҷкобияшро баланд кард.
- Дар ин дафтар бечора хола чӣ навишта бошад. Чаро бояд баъди маргаш хонам? Магар баъди маргаш дар намешавад. Шояд хоҳишҳое дорад, ки дар зинда буданаш бояд анҷом дод, - худ ба худ мегуфт ӯ.
Мавзуна дафтарро гирифту ба хулосае омад, ки кушода мехонад. Бо ҳамин мақсад саҳифаи аввали дафтарро кушод.
Дар саҳифаи аввали дафтар ҳамон қиссаи ғуломи хабаркашу фитнаангез оварда шуда буд. Мавзуна дафтарро бодиққат хонд.
- Медонед барои чӣ ман ин қиссаро овардам? Зеро ҳаёти ман айнан ба мисоли қаҳрамони ҳамин ривоят аст.
Рӯзҳои аввали зиндагиямон хуб буд. Даррав бо аъзои оилаи шавҳарам забон ёфтам. Ба ҳама муносибати хуб доштам. Хурду калонро "Шумо" гуфта муроҷиат мекардаму иззаташонро дар ҷояш мегузоштам. Хушдоманам ҳам ба ман муносибати хуб дошт. Аммо рӯзе сӯҳбати хусуру хушдоманамро нохудогоҳ шунида мондам.
Рӯзҳои аввали зиндагиямон хуб буд. Даррав бо аъзои оилаи шавҳарам забон ёфтам. Ба ҳама муносибати хуб доштам. Хурду калонро «Шумо» гуфта муроҷиат мекардаму иззаташонро дар ҷояш мегузоштам. Хушдоманам ҳам ба ман муносибати хуб дошт. Аммо рӯзе сӯҳбати хусуру хушдоманамро нохудогоҳ шунида мондам.
Хушдоманам маро ганда мекард. Ӯ бо овози паст, вале пур аз норозигӣ мегуфт, ки ман кори хонаро хуб намедонам, ба писараш мувофиқ нестам ва худро аз ҳад зиёд ором вонамуд мекунам. Ҳар як суханаш мисли ханҷаре ба дилам мехалид. Ман, ки то ҳамон рӯз ӯро мисли модари худ эҳтиром мекардам, аз шунидани он суханҳо шах шуда мондам. Дилам реш-реш гардид. Намефаҳмидам, чаро шахсе, ки дар рӯ ба рӯям меҳрубонӣ мекард, пушти сарам ин қадар бадгӯӣ доштааст.
Он шаб то саҳар хобам набурд. Ҳар қадар кӯшиш мекардам, суханҳои шунидаамро фаромӯш карда наметавонистам. Ба худ савол медодам: «Магар ман чӣ хато кардам? Магар ин ҳама эҳтирому хизматҳоям арзише надошт?» Дилам аз кина пур шуд. Аз ҳамон рӯз муносибатам нисбат ба хушдоманам дигар шуд.
Пештар субҳи барвақт мехестам, ҳавлӣ мерӯфтам, чой дам мекардаму дастархон омода менамудам. Акнун бошад, дигар шавқу ҳавасе намонда буд. Оҳиста-оҳиста хунук шуда рафтам. Либосҳои хушдоманамро намешустам. Вақте медид, ки либосҳояш ҷамъ шудаанд, худаш мешуст, вале ман худро ба нодонӣ мезадам. Агар пештар бе гуфтан чой тайёр мекардам, акнун ҳатто баъди чанд бор гуфтани ӯ ҳам аҳамият намедодам.
Хушдоманам ин тағйироти маро ҳис мекард. Баъзан бо ҳайрат ба ман нигоҳ мекард, вале чизе намегуфт. Ман ҳам дидаву дониста бо ӯ дағалона муносибат мекардам. Агар саволе медод, кӯтоҳ ва сард ҷавоб медодам. Ҳатто баъзан суханонам ранги беҳурматӣ мегирифтанд.
Рӯзҳое мешуд, ки ӯ аз ман хоҳиш мекард хонаҳоро рӯбучин кунам, вале ман баҳона пеш меовардам ё тамоман иҷро намекардам. Пештар ҳар куҷое мерафт, ҳамроҳаш мерафтам, аммо акнун кӯшиш мекардам аз ӯ дур бошам. Дар як хона зиндагӣ мекардему гӯё байни мо деворе пайдо шуда буд.
Шавҳарам низ оҳиста-оҳиста тағйир ёфтани муносибатҳои моро пай бурд. Ӯ борҳо аз ман мепурсид:
— Чӣ шудааст, чаро дигар мисли пештара нестӣ?
Аммо ман ҳақиқатро намегуфтам. Танҳо мегуфтам:
— Ҳеҷ чиз нашудааст.
Дар асл намехостам байни модару писар нофаҳмӣ шавад. Вале кинае, ки дар дилам ҷой гирифта буд, маро дигар инсон карда буд. Ҳатто вақте хушдоманам бо ман меҳрубонӣ кардан мехост, дар назарам ҳамааш сохта менамуд.
Ҳамин тавр ҳар бор, ки хушдоманам бо касе сӯҳбат карданӣ шавад рафта гӯш меандохтам. Ман ҳам оҳиста -оҳиста хушдоманамро ба дигарон ғайбат мекардагӣ одат баровардам. Акнун хушдоманам сояи маро аз девор метарошиду ман сояи ӯро...
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев