Аз дарахтбурӣ то парвандаҳои ҷиноӣ. Роҳи қонунии буридани дарахтон чӣ гуна аст?
Дар вилояти Хатлон 270 ҳолати буридани ғайриқонунии дарахту буттаҳо ошкор гардид, ки нисбати қонуншиканон 18 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Тавре Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, ин ҳолат дар ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Муъминобод, Ховалинг, Фархор, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Шаҳритус, Ҷалолиддин Балхӣ ва Ҷайҳун ошкор шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ 620 дарахт бурида шудааст, ки аз ин шумора 456 дарахти сояафкан ва 164 дарахти мевадиҳанда будааст.
Вобаста ба ин ҳолатҳо нисбати шаҳрвандон 18 парвандаи ҷиноятӣ ва 228 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Барои буридани дарахт дар Тоҷикистон чӣ гуна иҷозатнома гирифтан мумкин аст?
Буридани дарахтони сабз дар Тоҷикистон бе риояти талаботи қонунгузорӣ иҷозат дода намешавад. Шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки мехоҳанд дарахтеро бо сабабҳои муайян, аз ҷумла ҳангоми сохтмон, гузаронидани хатҳои муҳандисӣ ё бо сабабҳои санитарӣ бурида партоянд, бояд пеш аз анҷоми кор ба мақомоти ваколатдори ҳифзи муҳити зист муроҷиат кунанд. Аммо гирфтани иҷозатнома он нест, ки ҳар дарахтро бо хоҳиши соҳиби қитъаи замин буридан мумкин аст.
Дар Тоҷикистон ҳифзи дарахту буттаҳо ба талаботи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист вобаста буда, назорати давлатӣ дар ин самт ба зиммаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Дар асоси Низомномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 2021, №357 тасдиқ шудааст, ин ниҳод ваколати назорати давлатии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табииро дорад.
Барои гирифтани иҷозат ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст?
Шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ бояд вобаста ба ҷойгиршавии дарахт ба сохтори маҳаллии ҳифзи муҳити зист муроҷиат намоянд. Масалан, агар дарахт дар ҳудуди шаҳр ё ноҳия ҷойгир бошад, масъала тавассути раёсати ҳифзи муҳити зисти ҳамон минтақа баррасӣ мешавад.
Дар муроҷиати бояд сабаби зарурати дарахт шарҳ дода шавад. Аз ҷумла, агар дарахт хушк шуда бошад, ба бино ё иншоот хатар эҷод кунад, бемор бошад ё ба иҷрои корҳои сохтмонӣ монеа шавад, ин ҳолат бояд асоснок карда шавад.
Муроҷиат кунанда метавонад ҳуҷҷатҳои вобаста ба қитъаи замин, ҷойгиршавии дарахт ва зарурати иҷрои корҳоро пешниҳод намояд. Барои корҳои сохтумонӣ ҳам ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ метавонанд аҳамият дошта бошанд.
Раванди додани иҷозат чӣ гуна сурат мегирад?
Масъалаи буридани дарахт бояд бо назардошти ҳолати воқеии он ва талаботи экологӣ баррасӣ шавад. Танҳо бо пешниҳоди ариза ё хоҳиши соҳиби замин буридани дарахт асоснок намегардад.
Дар чунин ҳолатҳо зарурати санҷиши дарахт, муайян кардани ҳолати он ва тартиб додани санади дахлдор ба миён меояд. Агар буридан асоснок дониста шавад, масъалаи иҷозати мақомоти ваколатдор ва ҷуброни зарари экологӣ тибқи талаботи амалкунанда баррасӣ мегардад.
Инчунин, сохтмони бино ё иншооти нав худ аз худ ҳуқуқи буридани дарахтони мавҷударо намедиҳад. Пеш аз қабули чунин қарор бояд имкони нигоҳ доштани дарахтон, тағйир додани тарҳи сохтмон ё кӯчонидани онҳоро низ баррасӣ кард.
Дар ҳолати худсарона буридани дарахт чӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст?
Қонунгузории Тоҷикистон барои буридани ғайриқонунии дарахту буттаҳо ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад.
Тибқи моддаи 242 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои худсарона буридани дарахту буттаҳои боғҳо, минтақаҳои кабудизори шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин расонидани зарар ба онҳо, ҷарима пешбинӣ шудааст.
Инчунин, моддаи 183-и ҳамин кодекс буридани ғайриқонунии дарахту буттазор ва зарар расонидан ба ниҳолҳои ҷангалро низ фаро мегирад.
Масъалаи ҷуброни зарари экологӣ низ бо фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист аз 6-уми декабри соли 2024, №143 танзим мешавад. Ин санад аз 25-уми январи соли 2025 мавриди амал қарор гирифта, тартиб ва андозаи ҷуброни зарарро барои буридани худсаронаи дарахту буттаҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин ва баъзе категорияҳои дигари замин муайян мекунад.
Дар Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ буридани дарахтон вобаста ба мақоми шахси гунаҳкор ҷарима пешбинӣ шудааст. Мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсони воқеӣ аз 780 то 1 560 сомонӣ, шахсони мансабдор аз 2 340 то 3 120 сомонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ аз 11 700 то 15 600 сомонӣ ҷарима мешаванд. Дар сурати расонидани зарари ҷиддӣ ба муҳити зист, гунаҳкорон метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ низ кашида шаванд. Ҳамчунин, ҷуброни зарари расонидашуда метавонад алоҳида ситонида шавад.
Чӣ гуна метавон қонунӣ буридани дарахтро муайян кунанд?
Агар шаҳрвандон шоҳиди буридани дарахтон дар маҳалла, кӯча ё ҳудуди сохтмон шаванд, метавонанд аз ташкилоти иҷрокунандаи корҳо талаб кунанд, ки асоси қонунии буридан ва иҷозати мақомоти ваколатдорро нишон диҳад.
Ҳамчунин, онҳо метавонанд ба раёсати ҳифзи муҳити зисти маҳалли худ ё Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон бо ариза муроҷиат карда, қонунӣ будани буридани дарахтонро мавриди санҷиш қарор диҳанд.