Фитнагар (Қисми 6)
Ҳамин тавр нисбати хушдоманам нафрати зиёд пайдо кардам. Дилам дигар аз вай монд. Аз тарафи дигар дугонаҳоям хушдоманашонро ғайбат карда маро таҳрик медоданд. Кор ба ҷое расид, ки гоҳ-гоҳ бо хушдоманам ҷанги лафзӣ ҳам мекардагӣ шудам.
Ман хурд ҳастам. Намешудки аз як гап монаму аз зери нохун чирк накобам. Агар ман ҳамон вақт суханҳои хушдоман шунида аз эродҳояш худро тарбия мекардам. Хушбахттарин келини дунё будам. Наход дар дунёи дурӯза барои оне, ки ба ҳам хушбахтиву хушҳолӣ бахшем аз ҳамдигар нафрат мекунему кинаю кудурат меоварзем.
Хуллас рӯзе хушдоманам маҷбур шуд, ки ба шавҳарам чунин муносибати ноодилонаву нокасонаамро гӯяд. Шавҳарам баъди шунидани ин суханҳо маро зери шартаю шурта қарор дод. Нафрати ман нисбати хушдоманам бештар шуд.
Рузе ба хонаи дугонаам рафтаму аз телефонаш ба телефони хушдоманам паёмак фиристодам. Паёмак пур аз суханони ошиқона буд. Номи хушдоманамро бо иловаи "ҷон" гирифта "ташнаи дидор буданашро" навиштам. Ҳамон рӯз телефони хушдоманам дар дасти хусурам будааст.
Хусурам паёмаки саршори ишқу ошиқиро хонда дар ғазаб шуд. Вале шояд хато шуда бошад гуфта ба хушдоманам ҳам чизе нагуфт. Аммо ман ҳаррӯз аз телефони дугонаам чунин паёмакҳои ошиқӣ фиристодан гирифтам. Дар натиҷа хусурам хушдоманамро лату кӯб кард. Мехост бо хушдоманам ҷудо шавад. Аммо руйи хотири пириву қудоандагӣ ҷудо нашуд.
Ҳамин тавр, 10 сол хусуру хушдоманам руйи якдигарро надиданд. Ба қавле қаҳрӣ шуданд. Амакам ба ин рӯзи наҳс тоқат карда натавониста ба сактаи қалб гирифтор шуду вафот кард.
Баъди он ҷангу низоъҳо хушдоманам аз ғаму алам бемор шуд. Оқибат инсулт гирифт. Хушдоманам ду се рӯз пеш аз маргаш гуфт:
— Духтарам, ман туро чун фарзанди худ қабул карда будам. Ту зиндагии моро сӯзондӣ. Худо накунад, ки рӯзе ту ҳам мисли ман зор шавӣ…
Он кас ҳамин суханҳоро гуфту аз дунё гузашт. Ман он вақт аҳамият надодам. Фикр кардам, ки зиндагӣ ҳамеша ба муроди ман мемонад. Вале чархи дунё давр мезадааст…
Баъди вафоти хусуру хушдоманам баракати зиндагии ман ҳам гум шуд. Ду фарзандам бемору нотавон таваллуд шуданд. Як писарам ба роҳи бад даромад. Майпараст шуд. Ҳар рӯз маст омада маро ҳақорат мекард ва ҳатто даст мебардошт.
Шавҳарам ҳам ба бемории саратон гирифтор шуд. Мо тамоми дороиямонро барои табобат сарф кардем, аммо ӯ ҳам аз дунё гузашт. Баъди марги шавҳарам ман танҳою бепаноҳ мондам.
Писарам рӯз то рӯз бадтар мешуд. Маро мезад, озор медод. Аз гиряву ғусса ва латукӯб ман ҳам инсулт гирифтам. Чашмонам хира шуданд, пойҳоям суст гардиданд. Келинам набераҳоямро гирифта, маро аз хона пеш кард.
Имрӯз ман дар хонаи пиронсолон зиндагӣ мекунам. Ҳар шаб гузаштаам пеши назарам меояд. Мефаҳмам, ки инсон ҳар чӣ кораш кунад, рӯзе ҷавобашро мебинад.
Ин аст оқибати фитнагарӣ. Ин аст натиҷаи суханчинӣ ва хабаркашӣ. Ин аст сазои беҳурматӣ нисбати хусуру хушдоман.
Барои ҳамин ҳеҷ гоҳ байни одамон тухми кина накоред. Падару модар, хусуру хушдоманро эҳтиром кунед. Зеро дили шикаста ва дуои бади онҳо инсонро дар ду ҷаҳон бадбахт мекунад.
Зиндагӣ кӯтоҳ аст. Ба ҷойи нафрату фитна, меҳрубонӣ ва сабрро интихоб кунед. Одаме, ки ба калонсолон эҳтиром мекунад, дар зиндагӣ баракату саодат мебинад....
Мавзуна бо чашмони пур аз ашк номаро мехонд. Қатра-қатра ашки сӯзонаш ба рӯйи дафтар мечакид ва сафҳаҳои онро тар мекард. Ҳар ҷумлае, ки мехонд, дилашро бештар фишор медод. Гӯё дар ҳар сатри он нолаи як келини пушаймон нуҳуфта буд.
Дастони Мавзуна меларзиданд. Нафасҳояш вазнин шуданд. Ашк имкон намедод, ки ҳарфҳоро равшан бинад. Бо остини либосаш чашмонашро пок карда, боз ба хондан идома дод.
Ногаҳон дари утоқ оҳиста кушода шуд. Якчанд духтур ва ҳамшира саросема вориди утоқ гардиданд. Аз чеҳраҳои ғамолудаашон маълум буд, ки ҳодисаи нохуше рух додааст.
Яке аз духтурон бо овози пасту пурдард гуфт:
— Мутаассифона… Холаи Замира аз олам гузаштанд…
Ин сухан мисли барқ ба дили Мавзуна зад. Дафтар аз дастонаш лағжида ба замин афтод. Худаш бошад, беҳаракат ба як нуқта менигарист. Гӯё бовараш намеомад, ки он зани ранҷкашида дигар дар ин дунё нест.
Чанд лаҳза утоқро сукут фаро гирифт. Танҳо садои гиряи пасти Мавзуна шунида мешуд. Ӯ худро гунаҳкор ҳис мекард. Дер фаҳмида буд, ки дили инсонҳоро шикастан чӣ оқибати талх дорад. Мавзуна хоста буд баъди дафтарро хондан ба хола меҳрубонӣ мекунад. Кӯшиш мекунад, ки Замирахолад агар худро танҳо ҳис накунад. Аммо ин имкон барояш муяссар нашуд...
Аз пушти тиреза борон оҳиста меборид. Осмон ҳам гӯё барои қисмати талхи Холаи Замира ашк мерехт…
Бошандагони хонаи пиронсолон аз рафтани як ҳамроҳи худ ғусса мехӯрданд...
Абдуғаффор Шодиев