goodwell
Боздошти чанд ситораи синамои Туркия бо гумони нашъаҷаллобӣ
26.11.2026
Оила
148

Дар Туркия 24 нафар, аз ҷумла ситораҳои шоу-бизнес боздошт шуданд

Пулиси шаҳри Истанбули Туркия дар доираи як амалиёти густурдаи зидди маводи мухаддир ва фоҳишагарӣ 24 нафарро боздошт кард. Дар миёни боздоштшудагон чанд чеҳраи шинохтаи шоу-бизнеси Туркия низ ҳастанд.

Аз ҷумла, ҳунармандон Дениз Чакир, Бурҷу Озберк, Озҷан Дениз, Ҷем Карҷи ва Мурат Ҷейлан ба боздошт гирифта шудаанд.
Тибқи иттилои Додситонии Истанбул, барои боздошти 35 нафар амр содир гардидааст. То субҳи 25-уми ноябр 24 нафари онҳо, аз ҷумла чеҳраҳои маъруфи ҳунарӣ, барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ва бозпурсӣ ба мақомоти дахлдор бурда шудаанд.

Ҷустуҷӯи 11 нафари боқимонда идома дорад.
Мақомоти Туркия то ҳол тафсилоти пурраи парванда ва натиҷаи тафтишотро эълон накардаанд. Мавриди зикр аст, ки боздошт маънои исботи гуноҳи шахсро надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД