35 years of independency
Сарояндаи эрониро барои напӯшидани ҳиҷоб дар консерт шалоқ заданд
96

Сарояндаи эрониро барои напӯшидани ҳиҷоб дар консерт шалоқ заданд

Дар Эрон ҳукми додгоҳ нисбати сарояндаи маъруф Парасту Аҳмадӣ ва чаҳор узви гурӯҳи мусиқии ӯ иҷро гардид. Тибқи иттилои Reuters, ҳар кадоми онҳо ба 74 зарбаи тозиёна маҳкум шудаанд.

Сабаби оғози пайгирии қазия баргузории консерте дар моҳи декабри соли 2024 будааст. Дар он баромад Парасту Аҳмадӣ бидуни ҳиҷоб ҳунарнамоӣ карда буд. Консерт дар як корвонсарои таърихӣ, воқеъ дар наздикии шаҳри Қум баргузор шудааст.

Илова бар ин, додгоҳ фаъолияти эҷодии ҳунармандонро ба муҳлати ду сол манъ карда, ҳамчунин тарки қаламрави кишварро барои онҳо дар ҳамин давра маҳдуд намудааст.

Ин қазия дар пасманзари баҳсҳои густурда дар бораи озодии эҷодӣ ва ҳуқуқи занон дар Эрон таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб кардааст.
Нӯшин Боқизода

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД