35 years of independency
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО консерти ҳунармандони тоҷик баргузор шуд
26.11.2026
Оила
93

Дар қароргоҳи ЮНЕСКО консерти ҳунармандони тоҷик баргузор шуд

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) консерти бошукӯҳи ҳунармандони тоҷик баргузор гардид.

Чорабинӣ дар доираи барномаҳои байналмилалӣ бахшида ба мероси илмӣ ва фарҳангии Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём доир шуда, ҳадафи он муаррифии фарҳангу ҳунари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин консерт ҳунармандони Оркестри давлатии симфонӣ ва гурӯҳҳои рақсии кишвар ҳунарнамоӣ карда, санъату мусиқии миллиро ба меҳмонон пешкаш намуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД