sebiston july new
Вазири тандурустӣ табобати фарзанди зани аробакашро бар дӯш гирифт
02.02.2022
Оила
3230

Ҷамолиддин Абдуллозода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон табобати кӯдаки яксолаи як зани бехонаву бехонумони тоҷикро, ки модари 4 фарзанд буда, барои дарёфти як пора нон баҳри кӯдаконаш аробашакӣ мекунад, бар дӯш гирифт.
Садбарг Раҷабова, зодаи ноҳияи Мӯъминобод буда, модари танҳост. Зан хонаву дар надорад ва аз ночорӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар як ҳавлии вайрона, ки аз хона дида, бештар ба анбори кӯҳна ва ё харобазор монандӣ дорад, иҷора мешинад. Бому деворҳои хона ба андозае фарсудаанд, ки гумон мекунӣ ҳамин замон ё замони дигар фурӯ меравад, вале зан худоро зорӣ мекунад, ки ӯро аз ҳамин вайрона ҳам берун накунанду бо 4 кӯдаки хурдсол дар фасли зимистон дар кӯча намонад.
Садбарг шавҳар надорад ва ба хотири дарёфти як пора нон баҳри кӯдакони падардори бе падараш аробакаширо пеша намудааст. Ҳомиладор аст, вале ба дуҷон буданаш нигоҳ накарда, то соатҳои 12-и шаб партовгоҳ ба партовгоҳ мегардад ва аз байни ғарами ахлоттӯдаҳо селофану зарфҳои пластикӣ ҷамъ мекунад, баъд онҳоро ба шахсоне, ки ба фурӯши кӯҳнаколоҳо машғуланд бо нархи ночиз мефурӯшад, то ки ба фарзандони зиндаятимаш ақаллан як пора нон ёфта диҳад.
Чанд рӯз қабл сомонаи Оила. ТЧ аз рӯзгори сангини ин зани тоҷик, ки ба гуфти худаш пештар муаллима будаасту зиндагии душвор имрӯз ӯро аробакаш кардааст, навори видеоӣ омода намуда буд. Ҳамон рӯзе, ки мо барои сабти барнома рафтем, фарзанди хурдии зан, ки 11-моҳа будааст, дар шир сӯхта, ҳоли зоре дошт ва бо як овоз гиря мекард.
Бо сабаби набудани ягон шароити зиндагӣ Садбарг дар як тухмпазак (сковоротка)-и аз партовгоҳ ёфтааш барои кӯдакаш шир мепухтааст. Бадбахтона, қисми поёнии тумпазак якбора ҷудо шуда, пойи ин кӯдаки маъсум дар шири ҷӯшомада сахт сӯхтааст, вале аз сабаби бепулӣ модар фарзандашро ба беморхона бурда натавониста, чанд рӯз дар хона нигоҳ медорад.
Дирӯз Садбарг Раҷабова боз ба идораи сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намуд ва мо ӯро ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равон намудем.
Аз рӯйи гуфти худи Садбарг Раҷабова, Вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимии Тоҷикистон, мӯҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода ин зани бенаворо хуб қабул карда, баъди аз зиндагии сангинаш огоҳ шудан супориш додааст, ки занро ба мошини “Ёрии таъҷилӣ” шинонда ба манзилаш раванд ва кӯдакро фавран ба беморхона оварда ба таври оҷилӣ бистарӣ созанд.
Аёни замон писарчаи 11-моҳаи ин зани аробакаш дар беморхонаи №3-и шаҳри Душанбе, ки бо номи “Ожоговый центр”маъруф аст, бистарӣ буда, табибон бо супориши вазири тандурустӣ кӯдакро ба таври ройгон табобат карда истодаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=fc8zqdxeqrw

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД