Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба ҷорӣ намудани раводид - виза барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Миёна ва дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ зид баромада, гуфтааст, ин тасмим ба дурнамои манфиатҳои Русия халал ворид месозад. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Ин мансабдори рус таъкид намудааст, ки сиёсати муҳоҷиратии Русияро танзим кардан лозим аст, вале ҷорӣ намудани виза барои муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ва дигар давлатҳои собиқ Шӯравӣ зиёдаравӣ мебошад.
“Чораҳои андешидашуда бояд ба пурзӯр кардани назорат равона шаванд, на ба монеъ гаштан ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Русия”,- гуфтааст Сергей Лавров дар ҷаласаи Ҳукумати Русия.
Вазири корҳои хориҷии Русия бар он назар аст, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз Осиёи Миёна ва кишвраҳои собиқ шӯравӣ бояд имкони бидуни даъват ва раводид ба Русия омада кор кардан дода шавад, вале дар куҷо кор кардан ва фаъолияти онҳо зери назорат гирифта шавад.