Буттамеваи мӯъҷизавӣ- меваи черникаро барои хосиятҳои аҷибаш чунин ном мебаранд. Ин меваи биҳиштӣ раванди пиршавии ҷисми инсонро пешгирӣ намуда, ба кас нерӯ ва таровати ҷавонӣ мебахшад, чашмро равшан карда, мубодилаи моддаҳоро дар организм танзим мекунад ва миқдори қандро дар хун паст карда, гардиши хунро ба низом медарорад.
Боз як хосияти ба худ хоси ин буттамеваи афсонавӣ дар он аст, ки ҳатто баъди ҷӯшондан ва коркард низ, он хусусиятҳои шифобахшии худро гум намекунад.
Муттахассисони ширкати “Оби Зулол” технологияи махсуси коркард ва истеҳсоли шарбати меваи черникаро ба роҳ мондаанд, то тамоми моддаҳои муфиди онро зинда нигаҳ доранд. Шарбати черника нӯшокии лазиз ва бениҳоят фоиданок мебошад. Бо ёрии ин шарбати хушбӯй шумо метавонед норасоии витамину микроэлементҳои заруриро дар ҷисми худ пур карда, бе истифодаи доруворӣ аз иллатҳои чашм сар карда, то касалиҳои онкологӣ, аз бисёр бемориҳо халос шавед.
Дар таркиби шарбати меваи черника 89,7% об, миқдори ками сафедаю равған (муттаносибан 0,48% ва 0,21%) карбогидратҳо—9,42 г дар 100 грамм маҳсулот) мавҷуд мебошад. Ин нӯшокӣ каллорияи кам дорад (37 ккал) [1] ва индекси гликемикиаш низ паст (54 воҳид) мебошад. Ин имкон медиҳад шарбати меваи черникаро ҳатто гирифторони диабети қанд ва дигар маризоне, ки бояд ба парҳез риоя намоянд, бемалол бинӯшанд.
Дар воқеъ, технологҳои баландихтисоси ширкати "Оби Зулол" бо назардошти талаботи истеъмолкунандагон, чанд маҳсулоти хушсифатро аз ин буттамеваи мӯъҷизавиӣ Ҷумҳурии Беларус, коркард намудаанд. Ширкати "Оби Зулол" назди худ мақсад гузоштааст, ки ба муштариёнаш танҳо маҳсулоти босифат ва муфидро, ки аз меваҳои дар муҳити аз нигоҳи экологӣ тозаи Тоҷикистони офтобии мо парвариш ёфтаанд, истеҳсол ва пешкаш намояд. Шумо метавонед сифати маҳсулотро, ки ба талаботҳои стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯй мебошад, худатон баҳогузорӣ намоед.
Шарбати меваи черника дар зарфҳои шишагин бо 5 тамъ ва маззаи омехта ба муштариён пешкаш карда мешавад:
Черника
Черника-Шафтолу
Черника-Зардолу
Черника-Себ
Черника-Нок
Зарфҳои шишагӣ аз дигар намудҳои бастабандӣ бартариҳои зиёде доранд. Аз ҳама муҳимаш муштарӣ пеш аз харидорӣ кардан бо чашми худ ранг ва сифати маҳсулотро дида, боварӣ ҳосил менамояд, ки дар таркибаш рангдиҳанда ва консервантҳо надорад.
4 хусусияти асосии фоидабахши шарбати черника
1. Дар табобати саратон ва бемориҳои дигари онкологӣ бомуваффақият истифода мешавад.
Меваи черника таъсири пурқуввати зиддиоксидантӣ дорад ва тавре, ки тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ба муқобили касалии саратон мубориза бурда метавонад. Черника қобилияти пешгирии канцерогенезро дошта, хатари авҷ гирифтани бемориро дар шахсоне, ки ба саратон мубтало ҳастанд, нисбатан камтар мегардонад. Меваи черника махсусан дар табобати саратони гарданаки бачадон муфид буда, натиҷаи хеле хуб медиҳад.
2. Бемориҳоеро, ки аз фарбеҳӣ пайдо мешаванд, пешгирӣ мекунад
Фарбеҳӣ ба саломатии инсон зарар дошта, метавонад боиси авҷ гирифтани илтиҳоби узвҳои дохилӣ гардад, ки ба диабети қанд, фишорбаландии шараёнӣ ва бемориҳои онкологӣ бурда мерасонад. Олимон исбот намудаанд, ки истеъмоли маҳсулоти аз антиоксидантҳо бой, ки шарбати черника низ ба он дохил мешавад, илтиҳобро кам карда, ба саломатии инсон муфид мебошад.
3. Барои халос шудан аз вазни зиёдатӣ ёрӣ мерасонад
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки меваи черника ва аз он ҷумла шарбати меваи черника барои кам кардани вазни бадан ёрӣ мерасонад. Ин шарбати табииро ба ғизои худ ворид намоед ва дар муддати кӯтоҳ аз вазни зиёдатӣ халос шуда, натиҷаи парҳезатонро бо чашми хеш дар оина мебинед.
4. Нури чашмро равшан месозад
Антоцианҳое, ки дар таркиби меваи черника вуҷуд доранд, ба саломатии чашм таъсири мусбӣ мерасонанд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ҳамарӯза нӯшидани шарбати черника зимни бемориҳои дистрофияи гавҳараки чашм бисёр фоидабахш буда, ба шифоёбии оҷил мусоидат менамояд.
Тирамоҳи заррин аллакай нисф шуда, дар пеш моро зимистони қаҳратун интизор аст. Вақти нӯшидани шарбати черника фаро расидааст. Меваи черника- меваи нодирест, ки барои саломатии инсон бениҳоят фоиданок мебошад. Аз нӯшидани шарбати табии черникаи ширкати “Оби Зулол” лаззат баред, зеро он дар таркибаш рангдиҳанда ва маводҳои кимиёвӣ надорад. Нӯшидани ин шарбатҳо, ки тамъи лазиз доранд, ба шумо эҳсости гуворои меваҳои тобистонро ҳадя месозад.
Маҳсулоти “Оби Зулол”-ро аз куҷо дастрас кардан мумкин аст?
Шумо метавонед маҳсулоти дилхоҳи худро аз ширкати “Оби Зулол” бо шиори “Маҳсулоти миллӣ бо сифати ҷаҳонӣ ва нархи дастрас” дар рафҳои тамоми нуқтаҳои савдои Тоҷикистон пайдо намоед.