arzon replenishment
Вақти нафақа расид ЯКУБОВИЧ!
4785

Атрофи фаъолияти симои доимӣ ва барандаи машҳури шабакаи аввали Руссия Леонид Якубович дар сомонаҳои иҷтимоии русзабон сару садоҳои зиёд паҳн шуда аст, ки гӯё Леонид Якубович бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз кор сабукдӯш мешавад”. 

Бо мақсади тафтиш намудани овозаи тарки ҳунар кардани Леонид Якубович, пешбарандаи барномаи “Поле чудес” мо ба чанд манбаъ муроҷиат кардем. Якубович дар як мусоҳибааш як далели ҷолиберо аз аввалин рӯзҳои кориаш дар барномаи «Майдони мӯъҷизаҳо» (“Поле чудес”) гуфтааст. Ба гуфтаи баранда Леонид Аркадевич баъд аз шумораи дуввуми намоиши телевизиониаш ӯ хост корро тарк кунад, зеро дар рафти фаъолият мушкилиҳои зиёде сади роҳи ӯ гардида буд.

Бояд гуфт, ки Якубович намоиши “Майдони мӯъҷизаҳо” - ро аз соли 1991 инҷониб пеш мебарад. Тавре худи ӯ мегӯяд “Шумораҳои аввали барнома хеле номуваффақ буданд, зеро он вақт мардум бо ман ошно набуданд, инчунин, таҷрибаи бойи ҳирфавӣ ҳам надоштам. Ҳатто баъзан дар сухан гуфтан дакка мехӯрдаму худро гум мекардам. Коргардони барнома аз сустиродагии ман истифода бурда, мехост маро дар вақти сабт паст занад. Дар сабти барномаи дувум ӯ миёни мардум аз дохили студия тавассути баландӯяк тарафи ман чунон фарёд зад, ки кариб пардаҳои гӯшам медарид". 


Ба марги асрорангези Ким Ҷон Хён кӣ гунаҳгор аст?


 Баъд аз ин рафтори дағалонаи коргардон бо баранда кор ранги дигар гирифт, чунки ин амал ба иззати нафси ӯ сахт расид. Якубович ба хулосае омад, ки бояд аз ин даргоҳ равад. Ҳамин тавр, ровӣ баландгӯякро ба ҷояш гузошту аз саҳна баромад. "Даҳ дақиқа пеш аз сабти барнома аз паси пардаҳо шунида мешуд, ки иштирокчиён хушҳолӣ мекарданд. “Ба ҳеҷ куҷо наравед. Мо чӣ қадар инсонҳои хуштолеъ будаем, ки ҳамин ҳоло ба ҷои ин ҷавон ягон ситораи дигар мебояду барномаро пеш мебарад”. Шунидани ин суханҳо ба дили ман ҳамчун бинанда сахт расид ва маро руҳан такон дод. Пойҳоямро ларза гирифт. Ба иродаам такя карда, ба хулосе омадам, ки бояд ҷои маро дар ин барнома ҳеҷ кадом ситорае иваз накунад. Ин қавл то ҳанӯз аз ҷониби ман шикаста нашудааст ва ман то дами марг инҷо боқӣ хоҳам монд. Барои ҳа мин, зуд ба саҳна баргаштаму он шумораи барномаро дар сатҳи баланд сабт намудем”.

Леонид Якубович мегӯяд, ки ин аст муҳаббати мардуми рус. Ҳаёт, тақдир ва кору зиндагии ин ровии беҳамто бо шабакаи якум иртиботи сахт дорад, ки ҷуз марг касеву чизе онҳоро канда наметавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД