Formula novemver 2024
Вақте ки ноболиғон корд, кастет ва “дубинка” мегиранд...
1425

 

Авбошию кӯчагардӣ ва кордзанию кордкашӣ дар байни наврасон ва ҷавонон солҳои охир ба дарди ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Гоҳо ҳатто мактаббачаҳо бо сар задани хурдтарин баҳс ё нофаҳмӣ аз гиребони ҳамдигар гирифта, натанҳо занозанӣ мекунанд, балки ба даст яроқи сард гирифта, бо корд, кастет ва дубинка ба ҳамдигар ҳуҷум мекунанд. Албатта дар ҷараёни чунин занозаниҳо, ки аксаран гурӯҳӣ ҳастанд, афроди зиёде зарар мебинанд ва гоҳҳо авбошии наврасону ҷавонон бо хунрезӣ ва куштор анҷом меёбад.


Бо мақсади пешгирӣ намудани чунин фоҷиаҳо аз ҷониби кормандони милитсия аз 21 то 26 сентябр дар шаҳри Душанбе амалиёти махсус бо унвони шартии “Корд” гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт муайян гардид, ки 17 ноболиғ ва 19 ҷавон ашёҳоеро, ки ҳамчун силоҳи сард маъмул мебошанд, бо худ нигоҳ медоранд. Аз онҳо 26 адад кордҳои гуногунтамға, 6 кастет ва 4 чубдаст (дубинка) дарёфт ва мусодира карда шудааст. Барои нигоҳ доштани яроқи сард нисбати 6-нафар чораҳои ҳуқуқӣ аз қабили ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлатҳои аз 7-то 10 шабонарӯз андешида шуда, нисбати волидайни ин ноболиғон барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Умедворем, ки ин ба дигар волидон дарси ибрат гашта, минбаъд ба тарбияи фарзандони худ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд ва онҳоро зери назорати қатъӣ мегиранд.
Падару модарони азиз! Беҳуда нагуфтаанд, ки “бача лой асту падару модар кулолгар, аз ин гил чи месозанд, аз ҳунари кулолгарии онҳо вобастагӣ дорад!” Дар ҳақиқат фарзанд шахсият мешавад ё авбош ин пеш аз ҳама ба падару модар вобастагӣ дорад, агар волидон нисбати кӯдакони худ бепарвоӣ накарда, дар тарбияи онҳо сахтгир бошанд ва раванди таҳсилу илмомӯзиашонро зери назорат гирифта, мудом бо панду насиҳат онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд, албатта фарзандон хушахлоқ ва покдилу покниҳоду донишманду фозил ба воя расида дар оянда нафъашон ҳам ба падару модар ва ҳам ба ҷамъият мерасад, вале волидон вазифаи худро танҳо дар хӯрондану пӯшондани фарзанд дида, дар масъалаи тарбияи маънавӣ бепарвоӣ зоҳир намоянд, таббист, ки кӯдакон кӯчагард, авбош ва бесаводу сангдил ба воя расида, натанҳо барои дигарон дарди сар мешаванд, балки бо кирдори авбошонаашон хуни ҷигари падару модари худро низ об мекунанд. Бузургон беҳуда нагуфтаанд: “Фарзанди бад доғи падар!”


Нахоҳед, ки фарзандонатон доғи шумо гарданд, ба тарбияи маънавии онҳо диққат диҳед ва кӯдакону наврасону ҷавононро ҳаргиз бе назорат нагузоред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД