Салом! Ман модари ҷавон ҳастам ва ҳанӯз таҷрибаи кофии парасторӣ ва нигоҳубини кӯдакро надорам. Писарчаам ҳанӯз дусола нашудааст ва тез-тез шамол хӯрда, бемор мешавад.
Баланд шудани тибби кӯдак маро ба даҳшат меорад ва худро гум карда, даступохӯрда мешавам, намедонам, ки чӣ тавр ба фарзандам ёрӣ расонам. Мо танҳо зиндагӣ мекунем ва хушдоман надорам, ки ба ман маслиҳатдиҳад. Илтимос, бигӯед, ки вақте кӯдак ба зуком гирифтор мешавад, модар бояд чӣ кор кунад?
Дилноза, сокини н. Темурмалик.
Посух
Волидон ҳар қадаре, ки кӯшиш накунанд, кӯдакро 100% аз беморӣ, махсусан касалиҳои сироятӣ эмин нигоҳ доштан имкон надорад. Баъдан гоҳ-гоҳ бемор шудан аз як тараф ба кӯдак фоида ҳам дорад, зеро системаи муҳофизатии организми кӯчак бо вирусу бактерияҳо шинос шуда, барои мубориза бо онҳо талош менамояд, вале бемории кӯдакон набояд дурудароз тӯл кашад. Барои он ки кӯдак дар муддати кӯтоҳ аз беморӣ раҳоӣ ёфта, сиҳат шавад, ҳатман ба баъзе қоидаҳо риоя кардан лозим аст.
Агар фарзанди шумо яксола бошад...
Бемор шудан барои кӯдакони аз як то сесола нисбат ба бачаҳои калонтар хатари бештар дорад. Маъмулан баъди яксолагӣ кӯдак роҳгардон шуда, дигар ӯро дар хона нигоҳ доштан душвор мешавад. Тифле, ки нав роҳгардиро ёд гирифтааст, афтону хезон қадам зада, бо дигар кӯдакон хокбозию қумбозӣ мекунад, бозичаҳоро ба даҳонаш мебарад ё ангуштонашро мемакад. Ҳамаи ин боиси сироят ёфтан ва бемор шудани кӯдак гашта метавонад. Агар фарзанди шумо яксола бошад ва ба зуком гирифтор шавад, ба таҳлука афтида, худатонро гум накунед. Табби кӯдак баланд бошад, ҳатман ба “Ёрии таъҷилӣ” занг занед ё кӯдакро ба назди духтур баред. Дар хона муҳити оромро фароҳам овардан лозим аст, то ки кӯдак бештар асабӣ нашавад. Иштиҳои кӯдак агар бар асари беморӣ гум шуда, чизе хӯрдан нахоҳад, ба ӯ тез-тез ва кам-кам ғизоҳои ҳархела диҳед. Фаромӯш накунед, ки ба кӯдак тез-тез об нӯшондан лозим аст, то аз табби баланд оби баданаш хушк нашавад. Утоқи хоби кӯдакро тозаву озода нигоҳ доред ва ҳавои хонаро ҳар ду соат тоза карда истед. Вақте ба кӯдак ягон дору доданӣ мешавед, ҳатман аз духтури кӯдакона маслиҳат бипурсед ё ақаллан тамғакоғазашро хонда, фаҳмед, ки он дору ба синну соли кӯдаки шумо мувофиқат мекунад ё не.
Вақте ки кӯдаки 2-3- сола бемор мешавад, чӣ бояд кард?
Маъмулан кӯдакон аз синни 2-3- солагӣ ба боғчаи бачагона мераванд. Албатта боғча рафтан барои инкишофи зеҳнии кӯдак ва ҷаҳонбиниаш хуб аст, вале дар баробари ин хатари тез-тез гирифтор шудан ба ҳар хел бемориҳои сироятӣ аз ҷумла зуком меафзояд. Муддати дурудароз дар бинои маҳкам мондани кӯдак, бо кӯдакони бемор аз як ҳаво нафас кашидан, гармухунук шудани ҷисми кӯдак ҳангоми сайругашт дар боғча, стресс бар асари тағйир ёфтани реҷаи хоб ва истироҳати кӯдак ва боз даҳҳо омилҳои дигаре ҳастанд, ки боиси суст шудани қувваи муҳофизатии организми атфол ва тез-тез шамол кашидану бемор шудани кӯдакони 2-3- сола мегарданд. Вақте ки кӯдаки 2-3- сола бемор мешавад, дар ин ҳолат чӣ бояд кард?
Қоидаи №1
Кӯдакро ба боғча рафтан нагузоред. Бигзор дар хона монад. Шумо бояд фарзандатонро ба таври махсус нигоҳубин намуда, барои зудтар шифо ёфтанаш ёрӣ расонед.
Қоидаи 2
Нишонаи аввалини зуком атса задан аст. Вақте ки кӯдак пай дар пай атса зада,чашмонаш сурх ва обрав мешаванд, дарҳол ба сӯйи дорухона давида, бе иҷозати духтур пачка-пачка доруҳои зидди зӯком нахаред. Худтабобаткунӣ натанҳо фоида надорад, балки баъзан ба кӯдак зарар ҳам расонида метавонад. Доруе, ки шумо аз пеши худ ба кӯдак медиҳед, метавонад боиси заҳолдушавии организми заифи тифл, аллергия ва ё ба дарунрав гирифтор шудани кӯдак гардад.
Қоидаи №3
Кӯдакро ба назди духтур баред ва танҳо ҳамон доруҳоеро гиред, ки табиб мефармояд.
Қоидаи №4
Утоқи хоби кӯдакро тозаву озода нигоҳ доред ва ҳавои хонаро тез-тез тоза карда истед. Ҳаво чандон сард набошад, ягон тирезачаи хурдакакро кушода монед. Барои он ки ҳавои хона хушк нашавад, фарши утоқи кӯдакро бо латтаи тар бишӯед ё ягон матои пахтагинро тар карда, дар як гӯша монед, то ҳавои намнокро нигоҳ дорад.
Қоидаи №5
Равғанҳои эфириро истифода баред. Ин равғанҳо дар мубориза бо вирусу бактерияҳо ниҳоят муфид ҳастанд.
Қоидаи №6
Ба кӯдак тез-тез об диҳед, то ки аз табби баланд оби баданаш хушк шуда, бо мушкили беобшавии организм, ки барои кӯдакони ин синну сол хеле хатарнок мебошад, рӯ ба рӯ нагардад.
Қоидаи№7
Имкон бошад, даҳону бинии кӯдакро чайқонед, то ки роҳи нафасаш тоза шавад.
Қоидаи №8
Ба кӯдак либоси аз ҳад ғафс напӯшонед. Маъмулан кӯдакони ба зуком гирифторшуда аввал таб карда, хунук мехӯранд, вале баъди муддате рухсораҳои кӯдак сурх шуда, арақ мекунад ва бетоқат мешавад. Дар чинин ҳолат либоси тифлакро сабук кардан лозим аст, то ки ҷисми кӯдак хунук шавад. Агар кӯдак арақ карда бошад, дарҳол либосашро кашида, ягон либоси тунуки пахтагин пӯшонед.
Қоидаи№9
Кӯдак таб карда бошад, дарҳол ба ӯ доруҳои пасткунандаи табро рӯ ба рӯ додан нагиред. Аввал табби кӯдакро бо ҳароратсанҷ бисанҷед. Фаромӯш накунед, ки таб кардан ин усули махсуси муборизаи организми кӯдак ба муқобили вирус ва бектарияҳо мебошад. Агар табби кӯдак аз 38 дараҷа паст бошад, додани доруи пасткунандаи таб ба кӯдак лозим нест. Тез-тез об дода истед ва имконият диҳед, ки организми кӯдак мустақилона бо беморӣ мубориза барад, вале таббаш аз 38 боло бошад, ба фарзандатон ягон доруи пасткунандаи таб, ки дар таркибаш парасетамол ё ибупрофен дошта бошад, диҳед.
Қоидаи №10
Фарзанди шумо ягон бемории кӯҳнашуда (хронические заболевания) дошта бошад, қабл аз ин ба судороги гирифтор гашта бошад, майнаи сараш ягон мушкилӣ дошта бошад ё ба бемориҳои дигари системаи асаб гирифтор бошад, новобаста аз он ки ҳарорати баланаш аз 38 боло аст ё поён, вақте таб кард, ҳатман ба ӯ доруи пасткунандаи таб диҳед!