Бо омадани сардиҳои зимистон зуком тез-тез меҳмони нохондаи манзили мо гашта, бо худ ташвишҳои зиёдеро меорад.
Зоҳиран ин беморӣ сабук ба назар расад ҳам, набояд нисбати зуком бепарвоӣ зоҳир намуд, зеро зуком касалии вирусӣ буда, натанҳо ба дигарон сироят мекунад, балки метавонад оқибатҳои ногуворро низ ба бор оварад. Махсусан вақте ки кӯдакони хурдсол ба зуком гирифтор мешаванд, волидон, хоса модар бояд ба саломатии фарзандаш диққат диҳад.
Зуком аз зумраи бемориҳои сироятии ба таври васеъ паҳнгашта ба шумор рафта, новобаста ба сину сол ҳама ба он гирифтор мешаванд.
Нишонаи аввалини шумолхӯрӣ ва ба зуком гирифтор шудани кӯдак ин таб кардани ӯст. Аксари падару модарон зӯкомро бемории сабук ҳисобида, фарзандашонро ба духтур намебаранд ва аз пеши худ ба тифл ҳар хел доруҳоро хӯронда, бо худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки ин бисёр хатарнок аст. Аз ҳамин хотир мо қарор додем дар бораи баъзе амалҳое маълумот диҳем, ки вақти ба зуком гирифтор шуда, таб кардани кӯдак анҷом доданашон мумкин нест.
Ҳангоми табби балан доштани кӯдак истифода бурдан аз дорӯи “Аспирин манъ аст. Ин дорӯ баъди 15 солагӣ иҷозат дода шудааст. Дар кӯдакони то 15 сола хӯрдани “Аспирин” метавонад ба варами мағзи сар оварда расонад.
2. Ҳангоми таб кардани кӯдак оби уксусдорро ба баданаш молидан мумкин нест. Он шояд то андозае таббро поён фарорад, аммотариқи сӯрохиҳои пуст ба организм даромада ба хун ҳамроҳ мешавад, ки ин амал хатари ҷонӣ дорад.
3. Ҳеҷ вақт барои паст шудани таббаш ба бадани кӯдак оби сард молидан ё тар кардани дасту пойҳояш ба оби хунук мумкин нест. Ин амал тамоман кӯмак намерасонад, вале баръакс, мушакҳои баданро кашида, боиси шайтонламиш (судороги) гашта метавонад.
Вақте ки кӯдак таб мекунад, чи бояд кард?
Дар вақти табби балан танҳо доруҳои махсуси таббфароранда ва ё шамчаҳоро истифода кардан лозим аст. Дар бисёр ҳолат кӯдакони бемор дорӯро намехӯранд ё қайд мекунанд. Дар ин ҳолат аз ҳама варианти хуб гузоштани шамъча (свеча) аз ақиби кӯдак мебошад. Шамъча бехатар буда, табби кӯдакро дар муддати кӯтоҳ мефарорад. Ба модарон тавсия дода мешавад, ки чунин шамчаҳоро ҳамеша дар хона дошта бошанд.