Салом ба хонандагони азиз. Ман духтари ягонаву эркаи падару модар ба хонадоне келин шуда омадам, ки дар деха буданд. Дар ҳаётам оғилу говро надида будам, вале чун ҷавони ҳамкурсамро дӯст дошта, ба шавҳар баромадам, субҳи якумро дар оғил пешвоз гирифтам.
Ростӣ, баъди ин рӯбинон карданд ва гуфтанд, ки хамир кунам. Чун инашро наметавонистам, якбора баланд гиристам. Меҳмонҳо ба ҳолам хандиданд, вале хушдоманам ин ҳолатро дида, ба он занҳо гуфтанд:
- Чӣ лабатона инҷ мекунед? Магар, худатон ҳам замоне ҳамин хел набудед?
Онҳо хап истоданд. Ман ҳам даррав ором шудам.
Рӯзи дигар хостам камтар блинчик пазам, аммо ҳамаи блинчикҳо дарида, баъзеашон сӯхтанд. Боз гиристам. Шавҳарам масхара карда, "арӯси гирёнчак" мегуфт. Аммо хушдоманам дар болои сарам истода, бо меҳрубонӣ гуфтанд:
- Ман ҳам рӯзҳои аввали арӯсӣ мисли ту ба бисёр қоидаҳои хонадони шавҳар сарфаҳм нарафтам, аммо хушдоманам даррав ба ман ҳама чизро омӯзонд. Ту ҳам ёд мегирӣ. Ман аз ин гапи хушдоманҷон қабат - қабат ба қавле гӯшт гирифтам.
Холаам ба меҳмонӣ омаду чаққонии маро дида, бовараш наомад. Гуфт, "Замира, ин худаш чӣ гап? Дар хонаи очаат ҳатто пиёлаатро аз ҷояш намегирифтиву ин нони шӯ арра дорад?"
Ба холаам дар танҳоӣ гуфтам, ки шавҳарам, хушдоманам ва хусурам бисёр инсонҳои хубанд. Месазад, ки хизматашонро кунам.
Дере нагузашта кадбонуи беҳтарин шудам. Ҳатто занҳои деҳа рӯзҳои тӯй барояшон нони калону кулча фармоиш медиҳанд. Модару падарам дар ҳайратанд. Хушдоманам мегӯянд, ки гап дар ақлу тамиз аст. Вақте духтар шавҳарашро дӯст дорад, ҳатто саги он хонаро дӯст медорад.