goodwell
Вақте ҳаво 40 дараҷа гарм аст, чӣ гуна метавон арақкуниро пешгирӣ кард?
27.07.2026
Oila.tj
75

Бо фаро расидани тобистон яке аз мушкилоте, ки ҳам занон ва ҳам мардонро нороҳат мекунад, арақкунии зиёд аст. Дар рӯзҳои хеле гарм, вақте ҳарорати ҳаво то 40–50 дараҷа мерасад, ҳатто баъзе дезодорантҳои гаронарзиш ҳам наметавонанд арақкуниро пурра пешгирӣ намоянд. Аммо воситаҳои одӣ ва табиии хонагӣ ҳастанд, ки барои кам кардани арақкунӣ ва рафъи бӯйи нохуши бадан кумак мекунанд.

Гиёҳобҳо ва маҳлулҳои табиӣ

Баъзе гиёҳҳои шифобахш барои кам кардани арақкунӣ ва аз байн бурдани бӯйи нохуши бадан хеле муфиданд. Масалан, пӯсти дарахти булут ва гули календула чунин хусусият доранд.

Барои тоза кардани пӯст:

1 қошуқ пӯсти дарахти булутро дар як истакон об андохта, 15 дақиқа дар оташи паст ҷӯшонед. Пас аз хунук шудан, маҳлулро полонда, ҷойҳои бештар арақкунандаи баданро бо он пок намоед.

Барои шустани пой:

3 қошуқ пӯсти дарахти булутро ба зарф андохта, аз болояш оби ҷӯшида резед. Бигзор тақрибан як соат истад. Баъд маҳлулро полонда, пойҳоятонро 15–20 дақиқа дар он нигоҳ доред.

Ҳамчунин метавонед 2 қошуқ гули хушки календуларо дар 1 литр об каме ҷӯшонед. Пас аз полондан, пойҳоятонро чанд дақиқа дар ин об нигоҳ доред.

Маслиҳатҳои муфид

Барои он ки бӯи нохуши арақ дигаронро нороҳат накунад, ба ин қоидаҳои одӣ риоя кунед:

Аз дезодорант ё антиперспирант истифода баред. Фарқи онҳо дар он аст, ки дезодорант танҳо бӯйи арақро безарар мекунад, аммо антиперспирант арақкуниро кам мекунад. Барои пешгирии таъсири манфӣ ба пӯст, антиперспирантро баъди тақрибан 8 соат шустан тавсия дода мешавад.

Кӯшиш накунед бӯйи арақро бо атр пинҳон созед. Омехтаи бӯйи атр ва арақ метавонад боз ҳам нохуштар бошад. Агар худатон бӯйи арақи худро эҳсос кунед, эҳтимол атрофиён онро бештар ҳис мекунанд.

Даво аз яхдон

Баъзе маҳсулоти одии хонагӣ низ барои кам кардани арақкунӣ ва бӯйи нохуш муфиданд. Ба онҳо сиркои себ, шарбати лимӯ ва содаи хӯрока дохил мешаванд.

Миқдори баробари об ва содаи хӯрокаро омехта карда, ба зери каш ва пошнаи пой молед.

Шарбати лимӯ пӯстро хушк намуда, афзоиши бактерияҳоеро, ки сабаби пайдо шудани бӯйи нохуш мешаванд, маҳдуд мекунад. Аммо онро ба пӯсти ҳассоси зери каш молидан тавсия дода намешавад. Барои пойҳо бошад, воситаи хуб ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин метавонед ба 1 истакон об 1 қошуқча содаи хӯрока андохта, хуб омехта кунед. Ин маҳлул ҳамчун антиперспиранти табиӣ истифода мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД