Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор аз 66 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 26 толор, 31 майдончаи варзишӣ, 4 толори саққозанӣ, 4 ҳавзи шиноварӣ ва як Маркази хизматрасонӣ барои ҷавонон, ки ба нақша гирифта шудаанд, бештари онҳо ба истифода дода шудаанд.
Дар ин хусус раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Бо тавсияи Федератсияи футболи Тоҷикистон варзишгоҳи «Марказӣ»-и шаҳр ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ ва варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Ҳисор ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ таъмир карда шуда, сабзазори он аз нав коркард ва инфрасохтори дохили варзишгоҳ ба талабот ҷавобгӯ гардонида шуд. Инчунин ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ намолавҳаи электронӣ насб гардида, барои навсозии майдони сабазазор, ҷойи захиравии бозингарон, насби шиору овезаҳо дар маҷмуъ 201,5 ҳазор сомонӣ масраф гардид. Айни замон корҳо дар самти насби нурафканҳои пуриқтидор идома доранд.
Агар варзишгарони шаҳри Ҳисор соли 2024 дар риштаҳои гуногуни варзиш 1490 медал, аз ҷумла 691 медали тилло, 431 медали нуқра ва 368 медали биринҷӣ гирифта бошанд, дар ҳафт моҳи соли 2025 дар маҷмуъ 730 медал: 346 медали тилло, 214 медали нуқра ва 170 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.