Тибқи раддабандии ҷории Fightmatrix, 5-гонаи беҳтарин размикорони минтақаи Осиёи Марказӣ дар вазни то 66 кг эълон шуд. Дар ин феҳрист варзишгари тоҷик Муҳаммад Наимов (11-3) низ шомил шудааст.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар феҳристи мазкур Наимов дар мақоми дуюм қарор гирифтааст. Дар зинаи аввал Раҷабалӣ Шайдуллоев (13-0) аз Қирғизистон аст. Қаршига Даутбек (17-3) аз Қазоқистон дар зинаи сеюм, Рауан Бекболат (10-3-2) аз Қазоқистон дар зинаи чаҳорум, Багдос Олжабай (16-4) аз Қазоқистон дар зинаи панҷум, Адилет Нурматов (13-2) аз Қирғизистон дар зинаи шашум ва Муртазали Магомедов (9-0) дар зинаи ҳафтум аз Қирғизистон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1-уми феврал дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби мусобиқаи UFC Fight Night 250 размикори тоҷик Муҳаммад Наимов вориди ҳашткунҷа мешавад. Рақиби Наимов Каан Офлии австралиягӣ мебошад. Рақобат дар вазни сабук доир мешавад.