Formula novemver 2024
Варзишгаре, ки 7 медали тило гирифт
28.09.2024
ОИЛА.ТҶ
843

Шиновари амрикоӣ Марк Спитс дар Бозиҳои олимпӣ (Мюнхен, Олмон, соли 1972) аввалин нафар шуд, ки дар як олимпиада 7 медали тило ба даст овард.

Натиҷаи ӯро соли 2008 дар Пекин (Чин) ҳамватанаш Майкл Фелпс, ки 8 медали тилоро ба даст овард, гузашт.

Марк бо сабабҳои номаълум ба карераи варзишии худ баъд аз бозиҳои олимпии соли 1972, ки дар Мюнхен доир гашта буд ва варзишгар он замон 22 сол дошт, хотима бахшидааст.

Спитс ягона варзишгаре буд, ки мӯйлабҳои булаҷабаш дар асри гузашта мӯд гашта буд ва ҷавонони зиёде тақлидкунон мисли ӯ мӯйлаб дароз мекарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД