arzon replenishment
Варзишгаре, ки 5 медали олимпӣ дорад
467

Гӯштингири маъруфи олам Михаин Лопес Нунез 20-уми августи соли 1982 дар шаҳри Ҳеррадураи Куба ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдӣ ба варзиш шавқ дошт ва бейсболу бокс мшқ мекард, вале баъд ба гӯштини юнонию румӣ гузашт.

Михаин дар синни 17-солагӣ ба мунтахаби Куба пайваст ва соли 2002 дар Чемпионати ҷаҳон дар Маскав ҷойи 13-умро гирифт. Аввалин муваффақияти ӯ соҳиби медали тило шудан дар Бозиҳои Панамерика дар Санто Доминго буд.

Соли 2000-ум ӯ дар чемпионатҳои ҷаҳон ғолиб шуда, дар Пекин медали тило гирифт, вале дар Бозиҳои олимпии Афина шикаст хӯрд. Соли 2006 дар финали қаҳрамонии ҷаҳон дар Чин тило гирифт. Ӯ дар Бозиҳои олимпии Лондон низ олӣ баромад кард ва соли 2016 дар Рио-де-Жанейро низ соҳиби тило шуд.

Дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 низ Лопес соҳиби нишони тило гардид ва аз ҳисоби гузоштани рекорд ва медалҳои олимпӣ пеш гузашт. Ӯ тариқи квота ба Париж-2024 роҳ ёфт. Дар Париж ӯ тамоми ҳарифонро бо натиҷаи калон мағлуб намуд ва бо касби тилои панҷум мақоми худро ҳамчун гӯштингири номдортарин дар таърих тасдиқ кард. Сипас, ба корномааш хотима дод.

Дар таърихи Бозиҳои олимпӣ ӯ аввалину охирин бор дар Бозиҳои олимпии соли 2004 аз варзишгари рус Ҳасан Бароев шикаст хӯрда буд. Ҳам дар Пекин ва ҳам Рио-де-Женейро Лопес варзишгари русро бо ҳисоби 6:1 мағлуб намуд.

Дар ҳоли ҳозир Михаин дар кишвари худ Қаҳрамони миллӣ аст ва ягон чорабиниро бе иштироки ӯ ҷашн намегиранд. Дар ҳама деворҳои Куба аксҳои Михаин Лопес овехта шудаанд.

Лопес давоми расо 20 соли охир дар вазни худ шикастнопазир аст. Вай дар таърих аввалин варзишгаре гардид, ки дар панҷ олимпиада пайи ҳам 5 медали тило ба даст овард. Пас аз пирӯзии навбатӣ дар Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж ин устура аз анҷоми фаъолияти касбии худ хабар дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД