Arzon march 2024
ВАРИКОСЕЛЕ МАРДРО БЕЗУРЁТ МЕКУНАД
4353

 

Писарам 5 сол боз оиладор аст, вале ҳеҷ нест, ки бо завҷааш соҳиби фарзанд шаванд. Чанд моҳ қабл табибон ба мо гуфтанд, ки айб дар писари ман асту беморияш варикоселе ном дорад. Ростӣ, бори аввал дар бораи чунин беморӣ мешунавам. Азбаски ҳафтаномаи “Оила” дар бораи бемориҳои гуногун маълум медиҳад, аз ҳамин хотир, қарор додам, ки ба саволи худ ба шумо муроҷиат намоям. Варикоселе чӣ гуна беморӣ аст ва роҳҳои табобати онро шарҳ диҳед.

Муҳаббат.

Ба ин саволи хонандаамон уролог – андролог Ҷамшед Ризоев посух мегӯяд.

Мояҳо ин узви ҷуфте мебошанд, ки дар он ҷо сперматозоидҳо ҳосил мешавад. Барои он ки дар мояҳо сперматозоидҳои зинда ба миқдори кофӣ ҳосил шавад, ҳарорати он бояд аз ҳарорати бадан пасттар бошад. Яъне, агар ҳарорати бадани мо 36.6 градус бошад, ҳарорати мояҳо бояд аз 2 то 3.5 градус пасттар бошад. Барои ҳамин мояҳо аз бадан ба берун бароварда шудаанд.

Бояд гуфт, ки мояҳо ҳосилкунандаи сперматозоид мебошад ва агар моя сперматозоиди пурра ҳосил накунад, зан бордор намегардад. Инчунин, мояҳо вазифаи ҳосилкунандаи гармонҳои мардона, яъне тестостеронро иҷро мекунанд. Барои он ки мояҳо вазифаи худро дуруст иҷро кунанд, бояд мисли дигар узвҳои бадан ба он ҷо хун равад. Байни моя ва рагҳои хунгард мубодилаи моддаҳо мегузарад, яъне он чизе, ки ба моя лозим аст, аз хун мегирад ва он чизе, ки нолозим аст, ба хун медиҳад. Ҳамон хуне, ки баъдан аз моя мебарояд, ба воситаи дигар раг, ки онро рагҳои вена мегӯянд, мояро тарк мекунад.

Девораи рагҳои хунгарде, ки аз моя хунро мебарад, бениҳоят заиф ҳастанд, назар ба он артерияҳое, ки хунро ба моя меоранд. Ягона мушкилоте, ки дар раги вена рух медиҳад, ин вайроншаваии гардиши хун ва дар поёни он ҷамъ гардани хун мебошад. Он сабаб мегардад, ки дар натиҷа рагҳои вена васеъ шаванд. Рагҳои васеъшуда баъзан метавонанд илтиҳоб ё шикоф шаванд ва хунрезиро ба вуҷуд оранд. Бар замми ин, ҳарорати мояҳо якбора баланд мешавад, сабабгори хурдшавии ҳаҷми мояҳо мегардад ва инчунин сабаби пастшавии гармони тестостерон мешавад.

Вайроншавии гардиши хун дар охир ба он оварда мерасонад, ки организми мо зидди моя антитела ҳосил намояд, ки зидди моя мубориза мебарад. Ин бемориро варикоселе меноманд. Варикоселе ин васеъшавии рагҳои везикулаҳои нутфа мебошад, ки боиси вайрон шудани ҷараёни рагҳои ривоҷёбанда мегардад, аммо худи беморӣ ба ҳаёт таҳдид намекунад ва боиси нороҳатӣ намешавад. Агар варикоселеро сари вақт табобат накунанд, андозаи нутфа кам мешавад, раванди сперматогенез вайрон шуда, боиси безурётии "бедард"-и мардон мегардад.

Маврид ба зикр аст, ки бо сабабҳои физиологиву анатомӣ варикоселе асосан дар тарафи чап ба вуҷуд меояд.

Сабабҳои беморӣ:

1. Генетикӣ – ирсӣ;

2. Бардоштани вазни зиёд;

3. Омосе, ки венаро зер мекунад;

4. Фарбеҳшавӣ;

Аломатҳои беморӣ

Аломатҳои бемориро баъзеҳо мефаҳманд ва қисми зиёд бошад, тамоман хабар намеёбанд. Дар баъзе беморон мояҳо зарар мебинанд ва шахс аломатҳои бемориро мефаҳмад, аммо дар баъзе ҳолатҳои дигар мояҳо зарар намебинанд ва шахс ягон шикоят нахоҳад дошт.

Аввал, нафаре, ки гирифтори варикоселе аст, дардро дар бегоҳӣ ҳис карда метавонад, яъне пас аз кор. Инчунин, дард метавонад дар қаткашак (пах) рӯй занад. Бояд гуфт, ки дардҳо на онқадар сахт мешаванд. Ҳамчунин, дард ҳангоми бардоштани вазн зиёд шавад ва шахс вақте дароз мекашад, пас аз якчанд дақиқа дард гум мешавад.

Дуюм, ин хурд шудани ҳаҷми моя аст ва сеюм бошад, кам шудани сперматозоидҳо дар мояҳо ва оқибат ба бенаслӣ оварда расонидан. Аломати охирин бошад, ин нест шудани гормонҳои мардонагӣ аст.

Роҳҳои муайянкунӣ

Вақте шахс ин аломатҳоро дар худ дид, бояд назди уролог равад ва аз ташхис гузарад. Ҳаҷми мояҳо ва рагҳои венаро УЗИ намояд. Агар ҳаҷми моя хурд бошад, бояд аз ташхиши тестостерон гузарад.

Роҳҳои табобат

Маврид ба зикр аст, ки ягон доруи аниқ барои табобати варикоселе вуҷуд надорад. Бо ҳамин мақсад, бо маслиҳати уролог бояд ҷарроҳӣ намоед.

Роҳҳои пешгирӣ аз варикоселе

Мояҳо дар гармӣ набояд зиёд истанд, яъне тагпӯши кушод пӯшидан лозим ва пӯшидани либосро вобаста ба мавсими он интихоб бояд кард.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД