Писарам бемории “варикоцеле” дорад. Табибон маслиҳат дода буданд, ки ҷарроҳӣ кунем, вале ростӣ, бо сабаби баъзе мушкилиҳо натавонистем ин амалиётро сари вақт гузаронем. Мегӯянд, ки ин беморӣ мардро безуриёт мекунад, аз ҳамин хотир, аз ояндаи писарам сахт дар ташвиш ҳастам. Илтимос, дар бораи “варикоцеле” ва таъсири он ба саломатии мард маълумот диҳед.
М, хонандаи “Оила”.
Варикосел яке аз бемориҳои паҳншудаи мардона мебошад, ки бар асари он дар рагҳои найчаи тухмгузар тағйирот ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа рагҳо васеъ шуда, дар узвҳои мардона дардҳои кунди давомдор ва баъзан хеле шадид сар мезананд. Хатари асосии ин беморӣ дар он аст, ки дар сурати бепарвоӣ ва табобат накардан тухмдонҳои мард ҳаҷман хурд шуда, коркарди сперматозоидҳо хеле заиф мегардад ва мард қудрати наслдиҳиро аз даст медиҳад. Ин беморӣ барои мардон ягон хатари ҷонӣ надорад, вале мардро хеле барвақт безуриёт карда метавонад.
Нишонаҳои беморӣ
Варикосел аз зумраи бемориҳои хеле паҳншудаи ҷинси зариф буда, тахминан 20% мардони сайёра аз он азият мекашанд, вале аксари ҷавонон то даъват ба аскарӣ ба ин дард гирифтор будани худро ҳатто пай ҳам намебаранд. Сабаб дар он аст, ки дар оғоз беморӣ бе дард ҷараён мегирад. Варикосели дараҷаи 1 қариб, ки ягон нишона надорад. Аз ҳамин хотир, мавҷудияти ин иллатро танҳо мутахассисон зимни муоина пай бурда метавонанд.
Вақте ки рагҳо нисбатан васеътар шуда, беморӣ ба дараҷаи 2 мегузарад, дар узвҳои мардона дард пайдо шуда, ҳангоми роҳгардӣ мард худро нороҳат эҳсос менамояд. Оҳиста-оҳиста дард бо сӯзиш ва сихзанӣ омехта шуда, ҳаёти шаҳвонии мард халалдор мегардад. Мард тез-тез арақ карда, камқувват мешавад ва нерӯи мардиаш торафт заифтар шуда, дигар дар бистар бароҳат буда наметавонад. Дард торафт авҷ мегирад ва баъзан чунон сих мезанад, ки ҷони мард ба лабаш мерасад. Дар сурати табобат накардан беморӣ кӯҳна шуда, варикосел ба дараҷаи 3 мегузарад. Дардҳо доимӣ ва тоқатфарсо гашта, аллакай худи мард бо чашми сар то кадом андоза васеъ шудани рагҳо ва шаклан вайрон шудани узвҳои худро мебинад.
Хатари беморӣ
Тавре ки дар оғоз гуфтем, ин беморӣ аз лиҳози ҷисмонӣ чандон хатарнок нест, вале метавонад мардро бе насл гардонида, аз чашидани лаззати падарӣ маҳрум созад. Гап дар сари он аст, ки бар асари варикосел терморегулятсияи тухмдонҳо вайрон шуда, коркарди тухмҳуҷайраҳои мардон-сперматозоидҳо суст мешавад.
Хатарҳои дигари варикосел инҳоянд:
-Вайроншавии кори клапанҳои дил.
-Фимоз ё плоскостопие (паҳнпоӣ).
Варикосел нишонаи саратони узвҳои мардона аст?
Варикосел ва ё васеъшавии рагҳои узвҳои мардона метавонад нишонаи саратони узвҳои таносули мард бошад, бинобар ин, бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини беморӣ ҳатман ба табиби уролог-андролог ва ё флеболог муроҷиат намудан лозим аст.
Ангиохиррург ва ё флеболог баъди муоинаи мариз ба осонӣ то кадом дараҷа васеъ шудани рагҳоро муайян намуда, вобаста ба ҳолати бемор табобат мефармояд. Беморӣ нав оғоз ёфта бошад, онро бе ҷарроҳӣ табобат кардан мумкин аст, вале рагҳо аллакай ба таври назаррас васеъ гашта бошанд, гузаронидани амалиёт ҳатмист. Пеш аз ҷарроҳӣ мариз бояд ташхисҳои зеринро гузаронад:
1) УЗИ-узвҳои дохилӣ (брюшной полост) аз ҷумла гурдаҳо.
2) МРТ ва КТ – барои фаҳмидани мавҷуд будан ё набудани тромбоз.
3) Сперматограмма.
4) УЗИ-и узвҳои мардона.
5) Доплер.
6) Термометрия.
7)Реография.
Ногуфта намонад, ки варикосели дараҷаи 2 ва 3-ро ҳатман ҷарроҳӣ кардан лозим аст, то ки мард безуриёт нашавад.
Барои гузаронидани ҷарроҳӣ асос шуда метавонанд:
-астенозооспермия ва ё олигоспермия.
-суст шудани афзоиши тухмдон дар давраи балоғати ҷинсӣ.
-шаклан вайрон шудани узв.
Айни замон зимни ҷарроҳии варикосел аз усулҳои микрохирургия ва лапороскопия истифода мебаранд ва раванди ҷарроҳӣ сабуктар гузашта, мариз ба зудӣ шифо меёбад.
Пешгирии беморӣ
Пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар аст бинобар ин, барои гирифтор нашудан ба варикосел ҷавонмардон бояд ба қоидаҳои зерин риоя кунанд.
-Ғизои солим истеъмол намоянд, то меъдаву рӯдаҳояшон хуб кор кунанд.
-Бештар витамин хӯранд.
-Ҳангоми алоқаи ҷинсӣ аз воситаҳои пешгирии ҳамли номатлуб истифода баранд.
-Аз анҷом додани корҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ кунанд.
-Аз давраи наврасӣ ба саломатии худ диққати ҷиддӣ дода, тез-тез аз назорати духтур, аз ҷумла табибони уролог ва флеболог гузаранд.
Худованд марду занро ба хотири идома додани насли одамизод ва қатъ нагаштани ҳаёт дар замин офаридааст. Падар шудан ва модар шудан беҳтарин неъмат ва шаҳди зиндагист. Худро аз лаззати падар шудан маҳрум нагардонида, сари вақт варикосел ва дигар бемориҳои мардонаро табобат кунед ва хушбахту саодатманд бошед!
Рустам Одинаев,
духтури уролог-андрологи ММСР