Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия таҳқиқи куштори Қобилҷонро зери назорат гирифтааст
24.12.2025
Оила
84

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия таҳқиқи
куштори Қобилҷонро зери назорат гирифтааст
Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия Мария Лвова-Белова ба изҳороти омбудсмени Тоҷикистон Умед Бобозода дар робита ба куштори ваҳшиёнаи писарбачаи 10-солаи тоҷик Қобилҷон Алиев дар мактаби Успенскии шаҳраки Горкии округи Одинцовои Маскав ба дасти як навраси миллатгарои рус номаи ҷавобӣ фиристодааст.
Тавре ки дафтари матбуотии омбудсмени Тоҷикистон дар сомонаи худ хабар додааст, Мария Лвова дар номааш куштори бераҳмонаи Қобилҷон Алиевро, ки дар синфи 4-ум мехонд, талафоти бузурги ҷуброннопазир номида, ба пайвандон ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ намудааст.
Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия таъкид намудааст, ки сар задани чунин фоҷеаҳо аз он далолат медиҳанд, ки ба масъалаи амният ва ҳифзи кӯдакон диққати ҷиддӣ додан лозим аст.
“Ҳодисаи мазкур таҳти назорати Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Русия қарор дорад. Ҳамкорӣ бо мақомоти салоҳиятдори вилояти Маскав барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи рӯйдод ва расонидани кӯмаки имконпазир ба оилаи кӯдак идома дорад”, -навиштааст Мария Лвова-Белова ва омбудсмени Тоҷикистонро бовар кунондааст, ки минбаъд барои андешидани тадбирҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳолатҳо тамоми кӯшишу талоши худро ба харҷ хоҳад дод. Ёдрас мешавем, ки Қобилҷон Алиеви 10 сола, хонандаи синфи 4-уми мактаби Успенский буд ва рӯзи 16-декабр ба дасти хонандаи синфи 9-ум Тимофей .К , бар пояи “нафрати миллӣ” кушта шуд. Ҷасади ғарқи хуни ин кӯдаки нокомро рӯзи 18-уми декабр ба Ватан оварда, дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд. Куштори ваҳшиёнаи кӯдаки бегуноҳ ба дасти навраси миллатгарои рус Тимофей К., ҷомеаи ҷаҳониро ба по хезонд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22-юми декабр зимни вохӯрӣ бо президенти Русия Владимир Путин масъалаи таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин қазияро пеш гузошт ва Путин ваъда дод, ки тамоми гунаҳкорони марги фоҷиавии Қобилҷон Алиев ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Айни замон дар робита бо куштори Қобилҷон Алиев нисбати шаҳрванди 15-солаи Россия Тимофей. К бо моддаҳои 105 ва 30-и кодекси Ҷиноятии РФ барои одамкушӣ ва сӯйқасд ба куштор парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД