Sebiston new 2024 october
ВАҲДАТ: ЯРЧ ЧОЙХОНАРО ВАЙРОН КАРД
1971

 

Ярч ду иншооти ёрирасонро, ки дар деҳаи Тундараи ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат ҷойгир буданд, хароб ва валангор намудааст. Ҳаҷми он ба 1400 метри мурабаъ баробар мебошад.

Тавре кумитаи ҳолатҳои фавқуллода хабар додааст, ярч бо сабаби рониши замин ва аз меъёр зиёд обёрӣ кардани боғи себ, ки дар болои хонаҳои истиқоматӣ, дар теппа ҷойгир аст, фаромадааст.

Дар натиҷаи ҷамъ шудани оби зиёд ва қабат ба қабати хоки теппаро фаро гирифтани он лағжиши замин ба вуқӯъ омада, хок ва лойобаи аз теппа фаромада ба хоҷагии халқ хисороту зарари зиёде расонидааст. Ярч ду иншооти ёрирасон ва чойхонаи маҳаллиро хароб намуд. Хушахтона, бар асари ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД