Formula september
"Ҳуқуқи ман" адолатро барқарор месозад!
30.10.2020
Сухроб
1640
"Ҳуқуқи ман" адолатро барқарор месозад!

Лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолат”-и Ҳукумати Швейтсария аз ҷониби Филиали Ассотсиатсия ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшн дар якҷоягӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) амалӣ шуда истодааст. Ҳадафи асосии лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолат” баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии гурӯҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир, бахусус ҷавонон ва занони деҳот, расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ (аз ҷониби давлат) ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус ҷавонон ва занони деҳот мебошад.

Боназардошти ин,  дар минтақаҳои ҷумҳурӣ марказҳои давлатии ёрии ройгони ҳуқуқӣ кушода мешаванд, ки дар он ҳар кас метавонад маслиҳати ройгон гирад. Айни замон дар 34 ноҳия ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 бюрои давлатии ҳуқуқӣ ва 39 ҳуқуқшиноси давлатӣ фаъолият мекунанд, ки ҳамарӯза дар хизмати мардум қарор доранд. Шумораи нафароне, ки дар давраи фаъолияти марказҳои ҳуқуқӣ ёрии ҳуқуқӣ гирифтанд, беш аз 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳуқуқшиноси давлатие, ки дар шаҳри Конибодом фаъолият менамояд, дар самти фаъолияти хеш пешравиҳои назаррасро ба қайд гирифтааст.

Вақте ки боз як шаҳрванди дигар – Шамсиддинова Ҳафиза ба  ҳуқуқшиноси маркази мазкур муроҷиат намуд, дарҳол мушкилоташ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар муддати кутоҳ роҳи ҳалли худро пайдо намуд.  Шамсиддинова Ҳафиза дастпарвари парастишгоҳ, ятимхонаи давлат буда, бе падару модар ба воя расидааст, ин зан азобу уқубати зиёдеро аз гузаронидааст. Айни замон соҳиби 3 фарзанду 3 набера мебошад, ки онҳо низ дастпарвари мактаб-интернати ш. Конибодом мебошанд. Муаммоми сарбастае, ки ба сари ин зани азиятдида омада буд, солҳои зиёд ҳаллу фасл намегардид. Баҳси манзилии Шамсиддинова Ҳафиза, чандин сол давом карда, ҳеҷ роҳи ҳалли худро намеёфт.

Ҳавлии истиқоматии Шамсиддинова Ҳафиза бо як ҳалномаи суди ш. Конибодом аз 29.10.2010 ба манзили баҳсӣ табдил ёфт. Соҳиби пешинаи хонаи мазкур Мадалиева Хосият соли 1974, яъне 43 сол пеш вафот карда, ягон меросхӯр надошт. Азбаски хонаи истиқоматӣ хеле фарсуда гашта буд, Шамсиддинова баъди қонунигардонӣ хостааст, ки ин хонаҳои фарсударо вайрон карда, аз нав бунёд намояд, аммо ҳамсояаашон Шерматова Мавлуда баъди 5 соли омаданаш дар ҳамсоягӣ монеагӣ карда, дар замини истиқоматии Шамсиддинова ҳоҷатхона ва анборхона бунёд кардааст.

Бо вуҷуди он ки Шамсиддинова чандин маротиба бевосита оиди бартараф намудани монеа худаш ба ҳамсоя муроҷиат кардааст, аммо Шерматова Мавлуда бо забони дароз ҳуҷҷатҳои ту қалбакӣ асту ман худам ҳуҷҷат дорам гуфта, ҳамаро ба гумроҳӣ бурдааст.

Дар вақти санҷиш бо гурӯҳи корӣ маълум шуд, ки Шерматова Мавлуда худсарона дар ҳудуди ҳавлии истиқоматии Шамсиддинова мабразхонаи масоҳаташ 1,2 м.кв., ва анборхонаи масоҳаташ 6 м.кв., сохта, ғайриқонунӣ истифода карда истодааст, ки мақомоти дахлдор дар ин маврид бояд хулосаи амиқ барорад.

Бояд гуфт, ки баъди вафоти модаркалони ҷавобгар Узоқова Қаноат-Мадалиева Хосият, модараш Узоқова Турдиҷон ба маросими дафн ҳам иштирок накарда, бинобар фарсуда будани хонаи истиқоматии баҳсӣ воқеъ дар суроғаи к.Гагарин №41 аз корхонаи манзилӣ-коммуналӣ иваз намудани хонаи истиқоматияшро талаб кардааст.

Талаби ӯро ба назар гирифта, ба ӯ хонаи истиқоматии к. Гагарин №25-ро пешниҳод мекунанд. Узоқова Турдиҷон дар ин хона зиёда аз 3 сол зиндагӣ карда, боз аз Ҳокимияти иҷроия бар ивази он хонаи дигар талаб мекунаду дар к. Ҷавонон хонаи 2, ҳуҷраи 11 соҳиби хона мешавад.

Ҳуқуқҳои Шамсиддинова Ҳафиза ҳамчун соҳибмулк поймол карда шуда буд ва зани бечора чӣ кор кардану ба куҷо рафтанашро намедонист. Хушбахтона, суди адолатхоҳи шаҳри Конибодом муроҷиати шаҳрванд Шамсиддинова Ҳафизаро бо талабот “Оиди бе эътибор донистани шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос”-ро одилона санҷида, бо ҳалнома шаҳодатномаи ҳуқуқ ба мерос бо ҷавобгарии Узоқова Қаноатро беэтибор гардонид. Шикояти кассатсионии ҷавобгар Узоқова Қаноат низ бо эроди даъвогар Шамсиддинова Ҳ., аз ҷониби мушовараи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Суғд низ ҳалномаи суди шаҳри Конибодом бе тағйирот гузошта шуд. Зеро суди шаҳри Конибодом парвандаро объективона санҷида баромадааст. Ҳуқуқшиносони давлатӣ омодаанд ба тамоми корафтодагоне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, холисонаву сари вақт кумаки ҳуқуқӣ расонида, мушкилоти онҳоро ҳаллу фасл намоянд.

 

Агар шумо мушкилии ҳуқуқӣ дошта бошед, ба рақами 3040 занг занед ё ба сомонаи http://hukukiman.tj/ ворид шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД