formula55
Усули 10 баллаи баҳогузорӣ дар мактаб чӣ медиҳад?
892

Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҷаласаи васеи гурӯҳи корӣ, ки ҳафтаи равон дар Пажуҳишгоҳи рушди маориф баргузор гашт, дар бораи ислоҳоти соҳаи маориф ва зарурати гузаштан ба низоми нави баҳогузорӣ суханронӣ намуда, масъулон, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳоро вазифадор крад, ки ҷиҳати амалӣ шудани низоми нави баҳогузорӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Тавре ки Вазорати маориф ва илми кишвар дар сомонаи расмиаш иттилоъ додааст, дар ҷасаласаи мазкур директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи А.Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон А. Наҷмиддиниён лоиҳаи «Дастурамал оид ба озмоиши низоми баҳогузори 10-хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муаррифӣ намудааст. Қобили зикр аст, ки Р. Мирзозода, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм низ дар мавзӯи «Баҳогузорӣ ба дониш, малака, маҳорат ва рафтори хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии озмоишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштааст, вале ҳанӯз маълум нест, ки Тоҷикистон дақиқан аз кай ба усули нави 10 баллаи баҳогузорӣ ба дониши толибилмон дар муассисаҳои таълимӣ мегузарад.

Хонандагони азиз! Ба андешаи шумо гузаштан ба усули баҳогузории 10 бала чи натиҷа медиҳад? Оё гузариш ба ин усул метавонад ба беҳтар шудани сатҳи таълиму тарбия дар мактабҳо таъсир расонида ба баланд шудани дараҷаи саводнокии хонандагон мусоидат намояд?

Назари худро дар шарҳи мавод нависед?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД