formula55
ҲУШДОРИ КҲФ: ШАМОЛИ САХТ ДАР НАЗАР АСТ!
2524

 

Дар як қатор шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла, Хуҷанд, Хоруғ, Панҷекат, Гулистон, Кӯлоб, Ҳисор, ноҳияҳои Панҷ, Ховалинг, Рӯшон, Файзобод, Лахш, Ёвон, деҳаҳои Панҷи Поён,вазидани шамоли сахт дар назар аст.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 20-21-уми июни соли равон дар қаламрави шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Панҷекат, Гулистон, Кӯлоб, Ҳисор, ноҳияҳои Панҷ, Ховалинг, Рӯшон, Файзобод, Лахш, Ёвон, деҳаҳои Панҷи Поён, Айвоҷ, Эсанбой, Санглох, Бӯстонобод, ағбаҳои Чормағзак, Анзоб ва Шаҳристон шамоли сахт дар назар дошта шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ дар ин рӯзҳо дар мавзеъҳои ёдшуда эҳтимоли вазиши бод ба суръати 20-25 метр дар як сония вуҷуд дорад. Кумита ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки ашёи рӯзгорро аз ҳавлӣ ва айвонҳо ба хона (таҳхона) дароред, дарахтони хушкеро, ки ба манзили истиқоматии шумо зарар расонда метавонанд, бибуред.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД