Рӯзҳои 29 то 31 июл дар қаламрави кишвар ва як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ туҳфони ҷангу ғубор ва омодани сел дар назар аст.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати кишвар ҳушдор медиҳад.
Аз иттилои манбаъ давоми се рӯз дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон шамоли сахт вазида, бар асари он туфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел аз эҳтимол дур нест.