Sebiston new 2024 october
Уқоб хоб бинӣ, писардор мешавӣ?
1627

Салом! Шаби гузашта ман хоби аҷибе дидам. Дар хобам дар як дашти калони сарсабзу зебо будам. Баногоҳ уқобе пайдо шуд ва бо ду пояш маро озод аз замин бардошта ба осмон парвоз кард. Сахт тарсидам, умедамро аз зиндагӣ тамоман канда, даступозанон бо тамоми овоз дод мегуфтам. Аз ҳама аҷибаш он буд, ки уқоб маро ба қуллаи як кӯҳи баланд бурда бошад ҳам, ягон зарар нарасонд, баръакс чӯҷаҳои уқоб ҷик-ҷиккунон ба бағалам даромаданд... Хобамро ба чанд кас нақл карда бошам ҳам, касе таъбирашро нагуфт. Илтимос, бигӯед, ки уқоб хоб дидан фоли нек аст ё бад?

МУҲИДДИН, сокини шаҳри Душанбе

Посух:

- Ташвиш накашед, таъбири хоби шумо хеле хуб аст. Дар хобномаҳо омадааст, ки агар дар хобаш касеро уқоб аз замин озод бардошта ба ҳаво парвоз кунад, бо шахси обрӯманд ё мансабдоре шинос мешавад, ки дар зиндагӣ ӯро дастгирӣ хоҳад кард. Чунин хоб метавонад аз баромадан ба сафари дур ё хориҷӣ низ дарак диҳад.

Уқоб дар хобаш ба кас ягон чиз диҳад, даромади калон ба даст меорад, касе ба ӯ ягон туҳфаи қимматбаҳо ҳадя мекунад ё соҳиби мукофот мешавад.

Хоб бинӣ, ки касе ба ту чӯҷаи уқоб туҳфа кардааст ё чӯҷаи уқобро ба бағал гирифтаӣ, соҳиби писари солим ва пурқуввате мешавӣ, ки дар оянда бароят такягоҳи устуворе мегардад.

Кас дар хоб ба уқоб дон диҳад, зиндагиаш пурфайзу баракат мегардад. Тамошо кардани уқобе, ки дар осмон баланд парвоз карда истодааст, аз вохӯрӣ бо шахси тавоно дарак медиҳад.

Аммо ҳуҷум кардани уқоб ба одам дар хоб чандон фоли нек нест. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, дар ҷойи кор бо роҳбарон гапаш мегурезад ё ҳадафи ғазаби одами дағал ва бадқаҳре қарор мегирад. Уқоб шахсро бо болҳои қавиаш зада гузарад, ин ҳам чандон хуб нест. Аз осмон ба замин афтодани уқоби мурда ҳам хосияти нек надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД