Бахшида ба 30-умин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Арабистон дар теарти Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гашт, ки дар он дастаи ҳунарии ҳарду кишвар ҳунарнамоӣ карданд.
Валид ибни Абдурраҳмон ар-Решайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Ӯ сабаби ҷамъ шудани меҳмонону ҳунармандони ду кишварро дар маросими имрӯза ҷашни бузург ва муҳим унвон кард. Ҳамчунин гуфта шуд, ки натиҷаҳои муносибатҳои дипломатӣ, яке аз кишварҳои қадрдон барои Роҳбарияти Олии Арабистони Саудӣ ва мардуми Арабистони Саудӣ- Тоҷикистон буд, ки имрӯз моро ба ҳам овард.
Сафир аз ба имзорасии муносибатҳои дипломатӣ ва созишномаҳои ҳамкории ду ҷониб ёдовар шуда қайд кард, ки аз моҳи феврали 1992 пас аз панҷ моҳи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе, Сафири вақт оид ба барпошавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколро ба имзо расонид.
Ифтитоҳи Сафоратхонаҳо дар ду кишвар муносибатҳои дуҷонибаро дар пайи рушду густариш як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расиданд. Раванди гуфтушунидҳо роҷеъ ба имзои дигар созишномаю ёддоштҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун бо мақсади таъмини манфиатҳои муштарак ва дастёбӣ ба рушду шукуфоии ду кишвар идома дорад, оброз дошт Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон.
Шарифзода Манучеҳр, муовини Вазири фарҳанги Тоҷикисон муносибатҳои ду кишвари ба ҳам дӯстро ҷонибдорӣ намуда, таҷлили сиюмин солгарди ҳамкориҳои дипломатиро дастовардҳои бузург хонд.
Давоми си соли муносибатҳо шумораи донишҷӯёни тоҷик бо истифода аз бурсияҳои таълимӣ дар бахшҳои гуногуни донишгоҳҳои Арабистони Саудӣ ва инчунин теъдоде аз донишҷӯёни Саудӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсили илм намудаанд, ки ин раванд дар таҳкими муносибатҳо дар сатми маориф мустаҳкам мегардонад.
Дар самти тандурстӣ бошад, панҷ клиникаи тиббии сайёрро бо муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ сохта ва тақдим карданд.
Арабистони Саудӣ шарики рушд бо Тоҷикистон ба шумор рафта, барои татбиқи нақшаҳои рушди Тоҷикистон тавассути роҳандозии лоиҳаҳои зиёде дар самти иқтисодиёт, саноат, тандурстӣ, илм ва маориф, нақлиёт ва обёрӣ ва дигар самтҳои муҳими равона гардиданд.
Аз тарафи кишвари Арабистон 34 мактаб сохтааст, ки дар марҳилат ба анҷомрасӣ қарор дошта, дар назар аст, ки то поёни соли 2022 ба истифода дода шавад.
Дар чорабинии мазкур сафирон, вазирон ва дигар намояндаҳои вазорату идораҳо ва рӯзноманигорон иштирок доштанд.