Нӯъмон Ғаффуров аз зумраи наққошони машҳури шаҳри Истаравшан аст. Ӯ 63 сол дошта, зиёда аз 50 соли ҳаёташро сарфи ин пеша намудааст.
Нуъмон ба ҳунари наққошиву кундалрезӣ ҳанӯз аз синни 12-солагӣ рӯй овардааст. Ӯ бо ҳидояти амакаш Қулиҷон Ғафуров дар маҳфили рассомии Оқилҷон Ҳабибов, ки дар "Кошонаи пешоҳангони"-и Истаравшан (ҳозир Қасри фарҳанг) мегузашт, солҳо таҳсил кард. Чун ба ин ҳунар шавқи зиёд дошт, таҳсилашро дар Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ва сипас дар риштаи наққошӣ ва кундалнигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд идома дод. Қаҳрамони мо сабаби асосии ба ҳунар рӯй оварданашро дар ҳунарманд будани ҳафт пушташ медонад.
"Чун бобои падариам кулолгар ва бобои модариам мисгар буданду дар кӯзаву табақ ва ҳар чизи офаридаашон аз нақшҳои гуногун истифода мебурданд ба эҷодашон бо шавқ нигариста мехостам мисли онҳо ҳунарманд шавам. Аз ин рӯ, ҳар куҷое, ки гулҳои наққоширо медидам, зуд рӯйи авроқ тасвир мекардам. Ҳамин тавр, меҳри ҳунари наққошӣ дар дилам ҷо гирифт ва таҳсиламро дар ҳамин ришта давом додам," - иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.
Усто Нӯъмон гуфт, аз хурдӣ ба кори бобоҳояш Ҳоҷӣ Мирбобои кулолгар ва Ғафури мисгар кӯмак мерасонд. Аз онҳо тарзи тасвири нақшро омӯхта, дар кӯзаҳои кулоливу мисӣ нақшҳои гуногунро тасвир мекард. Ҳарчанд аз нозукиҳои ҳунари кулолгарву мисгарӣ огоҳ буд, вале шавқу ҳаваси доштааш нисбат ба ҳунари наққошӣ ӯро дар ин ҷода раҳнамун сохт.
Кундалрезӣ яке аз ҳунарҳои қадима буда навъҳои он бештар дар сақфу сутун ва деворҳои қалъаву кӯшк, бӯстонсарою меҳмонхона ва масҷиду мадрасаю чойхона ба назар мерасад.
Имрӯз намунаҳои қадимаи ин ҳунарро бисёртар дар масҷид ва чойхонаҳои таърихӣ вохӯрдан мумкин аст. Ҳунармандони он давр бо рангҳои табиӣ ва омехтаи моддаҳои гуногун наққошӣ мекарданду кундал мерехтанд.
Назар ба гуфти усто Нӯъмон, ранги сабзро аз ӯсма, сурхро аз анору ҳина, сафедро аз санги кӯфта омода мекарданду истифода мебурданд. Ҳар усто бо сабку услуби худ тасвир карда ранг омода мекард. Қаҳрамони мо низ имрӯзҳо бо сабки ба худ хос кундалрезӣ мекунад.
"Пеш аз он ки мо ягон асареро меофарем, дар рӯйи лавҳ ё табақ бо елим карбосро мечаспонем. Сипас, бӯр, елим, шилми дарахт, сафедии тухм ва алифро гирифта омехта мекунем ва дар рӯйи лавҳ меловем. Пас аз хушк шудан онро суфта карда омехтаи ранги сафед ва ширеши ПВА-ро мемолем. Дар варақи сафед асари мехостаамонро тасвир карда бо сӯзан шикоф мекунем. Баъдан дар рӯйи лавҳ қоғазро гузошта хокаи ангишт ё синкро мерезем. Аз шикофиҳои сӯзан сиёҳи гузашта нусхаи тасвир дар рӯйи лавҳ мегузарад", - шарҳ дод ҳамсӯҳбати мо.
Ба қавли Нӯъмон Ғафуров паз аз пурра гузаштани расм боз як омехтаи дигар аз семент, шилми дарахт, сафедии тухм ва елим омода мекунанд. Ин омехта дар ду шакл тайёр карда мешавад, моеъ ва ғафс.
Сипас омехтаи моеъ ва аз болояш омехтаи ғафсро ба воситаи мӯйқалам дар бандҳои тасвир мерезанд. Пас аз хушк шудан онро бо зарҳал ранг мекунанд. Баъдан худи асарро ба рангҳо оро медиҳанд. Ҳамин тавр, лавҳаи кундалрезӣ шуда омода мешавад.
Қаҳрамони моро ҳамагон ҳамчун наққош, рассом ва кундалнигор мешиносанд. Маҳсули дастони ӯро дар биноҳои милливу фарҳангӣ аз ҷумла Кохи Наврӯз, Кохи Сомон, ва дигар мавзеъҳо метавон мушоҳида кард. Ҳамзамон, асарҳои офаридаи ин марди ҳунар дар намоишгоҳу осорхонаҳои Эрон, Испания, Италия, Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Заҳматҳои усто Нӯъмон Ғафуров дар рушду эҳёи ҳунари наққошиву кундалрезӣ борҳо аз ҷониби ҳукумати кишвар бо диплому сипоснома қадрдонӣ шудааст. Ҳамзамон соли 2021 аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардидааст.