Хонандаи МДТ “Литсей барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Турсунзода Назирзода Ҳумоюн Муҳсидин дар Олимпиадаи байналмилалии «BRAINIACS» аз фанни физика, ки дар кишвари Малайзия баргузор шуд, иштироки фаъолона намуда, сазовори медали тило гардид.
Бино ба иттилои литсейи мазкур, Назирзода Ҳумоюнро дар даромадгоҳи шаҳри Турсунзода мудири шуъбаи маорифи шаҳр Иброҳимзода Мавзуна, роҳбарият ва хонандагони МДТ “Литсей барои хонандагони болаёқат”, масъулини ҷамоати деҳоти Навобод ва дигарон истиқбол карданд.
Гуфта мешавад, ки Ҳумоюн Назирзода бо пешниҳоди Маркази омӯзишии Рушди дониш дар шаҳри Турсунзода ва кумаки устодаш Муҳриддин Собиров дар ин олимпиадаи бонуфуз иштирок кардааст.