Formula july 2024
Умедҷон Амонӣ: Ҷавоне, ки қариб ҳар рӯз ҷоиза мегирад
709

Умедҷон Амонӣ нафарест, ки бо фатҳи қуллаҳои баланд ва ғолибиятҳои намоёни на танҳо минтақаву ҷумҳурӣ, балки сатҳи байналмилалӣ дар миён корбарони интернет маъруф гаштааст.

Ӯ чандин карат ба гирифтани унвони Гирандаи стипендияи президентӣ мушарраф шуда, 5 карат мухбири “Ворисони Суғд“, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ ва чандин сипосномаву дипломҳои дигар аст.

Ӯ хатмкардаи бахши журналистикаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва зинаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар риштаи сиёсатшиносӣ буда, дар ин баробар дар кишвари Туркия ба таври онлайнӣ таҳсил дорад.

Умедҷон Амонӣ имрӯз дар баробари омӯзиш ва иштирок дар сабқатҳои гуногун, ҳамзамон, дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, роҳбарии маҳфили “Адибони ҷавон“-ро бар уҳда дорад. Инчунин, ӯ бо радиои “Фарҳанг” ҳамкорӣ мекунад.

Қаҳрамони матлаби мо соли 2023 да шаҳри Остонаи Қазоқистон барандаи ҷоизаи “Беҳтарин олими ҷавони ИДМ” шуда, дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ҷоизаи Лидери ИДМ-ро ба даст овард. Ҳамзамон, ҳамон сол барандаи Шоҳҷоизаи Олимпиадаи байналмилалии соҳавии Ҳангжоу дар кишвари Чин шуд.

Умедҷон дар соли 2024 гирандаи Шоҳҷоиза ва медали тиллои Олимпиадаи байналмилалии илмӣ дар қораи Осиё гашт. Ҳамин тавр, то имрӯз ӯ дар 124 озмуни сатҳи вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва 17 озмуни сатҳи байналмилалӣ ба ғолибият сазовор шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД